Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Самти ҳаракат

Зан ба шавҳараш писхандомез гуфт:

– Кӯлоҳро баръакс пўшидед-ку!

Шавҳараш бадқаҳр шуда, гуфт:

– Дурўғ мегўӣ. Охир, ту намедонӣ, ки ман ба кадом тараф меравам.

Тақсими кор

Зан ба шавҳар мегўяд:

– Ҳуқуқи зану мард баробар-а?

Шавҳар мегўяд:

– Бале!

Зан мегўяд:

– Акнун ҳамаи корҳои хонаро банавбат мекунем.

Шавҳар мегўяд:

– Ман розӣ. Ту хўрок пухтӣ, ман хўрдам, шустани косаву табақ навбати ту.

Ҳайрат

Корманди БДА таксиро манъ мекунад.

Ронандаи таксӣ:

– Ака, куҷо меравӣ?

– Ҳеҷ куҷо!,- ҳайрон мешавад корманди БДА.

– Тавба, ба ҳеҷ куҷо ки намеравӣ, барои чӣ даст бардоштӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *