Аз таҳти дил бихандед!
Бозор
Зане ба фурӯшанда мегӯяд:
– Ман 10 кг картошка хариданиям, вале метарсам, ки онро ба хона бурда наметавонам.
Фурӯшанда мегӯяд:
– Ғам нахӯред холаҷон, ман онро тавре бармекашам, ки бурда метавонед.
Аскарӣ
Писар аз падар мепурсад:
– Дада, шумо ба аскарӣ рафта будед?
Падар:
– Не, маро набурданд.
Писар ҳайрон шуда:
– Барои чӣ набурданд?
Падар мегӯяд:
– Маро наёфтанд!
Ҷону нон
Танбале ду даст сўи осмон бардошта, илтиҷо мекард:
– Худо, ҷонам ки додӣ, нонам бидеҳ!
Афандӣ, ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:
– Худо намедиҳад, мегирад.
– Чиро мегирад?
– Он чиро, ки дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ