Аз таҳти дил бихандед!
Рӯзи ид
Аз майхорае пурсиданд:
– Ту арақ менӯшӣ?
Майхора гуфт:
– Танҳо рӯзҳои ид.
Боз пурсиданд:
– Рӯзи идат кадом аст?
Мард гуфт:
– Рӯзе, ки арақ ёбам, ҳамон рӯз бароям ид аст.
Таъна
– Ман аз мурдан метарсам.
– Барои чӣ?
– Охир, баъд аз маргам занам ба қабристон омада, доду фиғон мебардорад.
– Хайр, дӯстат медорад…
– Не, занам боз таъна мезанад, ки ман барқасд аз кор гурехтаву худро куштаам.
Таъқиб
Духтур ба бемор:
– Хуш, чӣ шикоят доред?
– Вақтҳои охир ҳис мекунам, ки касе доим маро таъқиб мекунад.
– Ин ҳолат аз кай боз аст?
– Аз рӯзе, ки аз маҳбас гурехтам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ