Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Галстук

Зан ба шавҳар мегӯяд:

– Аҳмадҷон, ман 3 метр шёлк харидам, бароят галстук медӯзонам.

Шавҳар мегӯяд:

– Барои чӣ матоъро ин қадар бисёр харидӣ?

Зан мегӯяд:

– Ҳеҷ гап не, аз боқимондааш барои ман курта медӯзонем.

Троллейбус

Зан аз мард мепурсад:

– Фарҳодҷон, ба хона бо чӣ меравем?

Мард мегӯяд:

– Гулиҷон, ту бо чӣ рафтан мехоҳӣ?

Зан мегӯяд:

– Намедонам тарзи дурусти талаффузаш чӣ гуна бошад: “таксӣ” ё “такси”?

Мард мегӯяд:

– Тарзи дурусташ “троллейбус”.

Ғижжак

Марде ба хонаи ҳамсоя занг зада, мегӯяд:

– Бахшиш, шумо ин бегоҳӣ ба ман ғижжаки худро дода метавонед?

Ҳамсоя ҳайрон мешавад:

– Шумо мехоҳед ғижжакнавозиро омӯзед?

Мард мегӯяд:

– Не, ман мехоҳам аз хоб сер шавам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *