Аз таҳти дил бихандед!
Гунаҳкор
Бибӣ аз наберааш мепурсад:
– Бачаҷон, оинаи хонаро кӣ шикаст?
Набера мегӯяд:
– Модарам шикаст, вале гунаҳкор падарам аст. Вақте ки модарам лаъличаро ба сараш ҳаво дод, дадаам каллаашро хам кард…
“Дар хонаи роҳзан”
Ду рафиқ дар тарабхона суҳбат доранд. Якеаш мегӯяд:
– Намефаҳмам, чаро чунин тарабхонаи бонуфуз «Дар хонаи роҳзан» ном гирифтааст?
Дигарӣ дар ҷавоб:
– Ҳоло ист, пули пардохти хизматонаро биёранд, баъд мефаҳмӣ.
Санг
Зан харидаҳои шавҳарашро як-як аз назар гузаронида, мепурсад:
– Ҳой мардак, аз байни биринҷ санг баромад, онро ҳам аз бозор харидед?
Шавҳар:
– Ҳа.
Зан:
– Санг харидан чӣ даркор?
Шавҳар дар ҷавоб:
– Рафту хариди кардаам маъқул нашаваду ғинг-ғинг кунӣ, санг лозим мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ