Аз таҳти дил бихандед!
Лайкмонак
Соли 2025. Аз марде мепурсанд:
– Шумо дар куҷо таҳсил кардаед?
Мард дар ҷавоб:
– Ҳафт сол дар “Фейсбук” ва 4 сол дар “Инстаграм”.
Боз мепурсанд:
– Ихтисосатон чист?
Мард мегӯяд:
– Лайкмонаки 6-ум разряд!
Ҳақиқат
Зани фарбеҳе ба назди духтур омада, мепурсад:
– Духтур, аз рӯйи вазнам, дарозии қади ман бояд чӣ қадар бошад?
Духтур дар ҷавоб:
– Чор метр, Сабоҳатхон, чор метр…
Дашноми арабӣ
Марде дар Арабистон пулҳои мардеро медуздад. Марди араб дуздро қапида, бо забони худаш дашномҳои болохонадор медиҳад.
Мард худ ба худ мегӯяд:
– Ман пулҳои ин мардро дуздидам, ӯ бошад, ба ман сура қироат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ