латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Имтиҳон

Омӯзгор вақти имтиҳон ба донишҷӯе, ки писандаш набуд, савол медиҳад:

– Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Донишҷӯ дар ҷавоб:

– 9 миллион нафар.

Омӯзгор мегӯяд:

– Канӣ, номбар кунед!

Мактаби мусиқӣ

Шавҳар ба занаш мегӯяд:

– Латофат, ба фикрам, ту дар мактаби мусиқӣ таҳсил кардаӣ?

Зан дар ҷавоб:

– Ман ягон хел мактаби мусиқиро нахондаам!

Шавҳар мегӯяд:

– Ин тавр бошад, барои чӣ ҳар рӯз консерт нишон медиҳӣ?

Фишор

Карим ба Раҳим мегӯяд:

– Биё имрӯз ба сауна меравем.

Раҳим дар ҷавоб:

Ба ман мумкин нест…

Карим мепурсад:

– Фишор ё занат?

Раҳим мегӯяд:

– Фишор аз ҷониби занам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *