латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Нурофен

Зан ба духтур занг мезанад:

– Духтурҷон, шавҳарам нофаҳмида, «Нурофен» хўрдааст, чӣ кор кунам?

– Дар хона проблема доред?,- мепурсад духтур.

– Албатта. Кўдакон либоси зимистона надоранд, аз мактаб ҳам қарздорем, яхдон низ холӣ…

– Шуд, фаҳмо. Расо 45 дақиқа дар ҳамин бора гап занед, сари шавҳаратон, ки ба дард даромад, таблетка ҳайф намешавад.

Вақтгузаронӣ

Набера аз бибӣ мепурсад:

– Бибӣ, дар вақти шумо на барқ буду на интернет, чӣ гуна вақтгузаронӣ мекардед?

Бибӣ дар ҷавоб:

– Охир, намебинӣ, ки 10 амак дориву 10 амма!?

Вазифаи хонагӣ

Муаллим аз талаба мепурсад:

– Иброҳим, росташро гӯй, вазифаи хонагиатро кӣ иҷро кард?

Иброҳим дар ҷавоб:

– Росташро гӯям, Лола Азимовна, худам ҳам намедонам, ман хоб будам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *