Аз таҳти дил бихандед!
Асал
Хирс 2 литр асалро дар зери хок пинҳон карда, дар коғазе менависад:
– Дар ин ҷо асал-пасал нест.
Харгӯше омада, асалашро мехӯрад ва дар коғаз менависад:
– Ин асалро харгӯш-паргӯш нахӯрдааст.
Нафақа
Марде дар моҳи июл либосҳои зимистона пӯшида, ба нафақагирӣ меравад. Корманди мақомот мегӯяд:
– Ако, дар ин гармӣ либосҳои зимистона пӯшида омадед, тинҷӣ аст?
Мард мегӯяд:
– Нафақаи моҳи январро гирифтанӣ омадам.
Нонхӯракҳо
Ду ҳамсоя дар берун чақ-чақ доранд. Якеаш мегӯяд:
– Ҳамин тараканҳо безор аз ҷонам карданд, тамоми намуди доруро истифода бурдам, ҳеҷ нест намешаванд.
Ҳамсоя мегӯяд:
– Ту мисли ман амал кун, бе дору худашон гурехта мераванд.
Ҳамсояи дигарӣ ҳайрон шуда, мепурсад:
– Ту чӣ кор карди?
– Ман дод зада гуфтам: “Дар хона нон нест, дар хона нест”, ҳамаашон гум шуданд.
Мард бо усули ҳамсояаш амал мекунад, нимашаб ба китфаш тап-тап мезананд. Чашмонашро кушода мебинад, ки сарлашкари тараканҳо бо сад ҳазор сарбозаш дар болои сараш ҷамъ шуда, мегӯянд:
– Хӯҷаин, хезед, мо хӯрданӣ овардем!
Таксӣ
Ду майхора аз тарабхона баромада, таксиеро манъ мекунанду ба ронанда мегӯянд:
– Ака, 3 нафарро то маркази шаҳр бо чанд сум мебарӣ?
Ронанда ҳайрон шуда мепурсад:
– Охир, шумо 2 нафар ҳастед ку!?
Мард мегӯяд:
– А бача, ту ҳамроҳи мо намеравӣ?
Зан ва пул
Ду рафиқ бо ҳам вомехӯранд. Якеаш шикоят мекунад:
– Дигар бо занам зиста наметавонам. Ҳар рӯз пул мепурсад.
Рафиқаш мегӯяд:
– Зани ту ин қадар пулро чӣ кор мекунад?
Мард мегӯяд:
– Намедонам, ман ҳоло ягон бор ба ӯ пул надодаам.
Донишҷӯ
Аз донишҷӯдухтаре пурсиданд:
– Гӯштбирёнро дӯст медорӣ ё сихкабобро?
Духтар мегӯяд:
– Ҳамонеро, ки ин чизҳоро ба ман харида медиҳад.
Пулхӯр
Марде ба рафиқаш мегӯяд:
– Мурод, медонӣ, занам тамоми пулҳоямро гирифта рафт.
Мурод дар ҷавоб:
– Зани ман ҳам тамоми пулҳоямро гирифт, вале нарафт.
Шаробӣ
Ҷавон бо духтаре шинос мешавад:
– Ман Алӣ.
– Ман Дилбар.
– Шуғли шумо чист, Дилбар?
– Варзиш, ман варзишгар ҳастам. Шумо чӣ?
– Машрубот. Ман шаробӣ ҳастам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ