Аз таҳти дил бихандед!
Лаълиҳои паррон
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
– Тасаввур мекунӣ, ман боре ҳам лаълии парронро надидаам.
Дӯсташ дар ҷавоб мегӯяд:
– Ту зан гир, ана баъд лаълии парронро мебинӣ, ҷӯра!
Нокас
Зану шавҳари бо ҳам қаҳрӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ медароянд. Зан пулро дароз мекунад.
Пулчинак:
– Чанд кас, апа?
Зан мегӯяд:
– Як касу як нокас.
Нусхабардорӣ
Хушдоман аз келин мепурсад:
– Барои чӣ набераам ба писари ман монанд нест?
Келин мегӯяд:
– Хола, мебахшед, ман асбоби нусхабардорӣ надорам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ