Аз таҳти дил бихандед!
Агар зан намедоштам
Бонуи хона, ки бозавқ рӯзнома мехонд, ногаҳон ба ҳамсараш муроҷиат мекунад:
– Тассавур кунед, мардакҷон, олимон дастгоҳе сохтаанд, ки умри инсонро то 150 сол дароз мекунад.
Мард:
– Беҳтарин, агар зан намедоштам, якто барои худам мехаридам.
Шарт
Падари донишҷӯе ба профессор мегӯяд:
– Профессор, ба фикрам писари ман пагоҳ экзаменро супорида наметавонад.
Профессор дар ҷавоб:
– Биёед, ба ҳазор сомонӣ шарт мекунем, ки писаратон месупорад!
Махфӣ
Марде зани фарбеҳеро ба оғӯш гирифта, мепурсад:
– Насибахон, вазни шумо чӣ қадар аст?
Зан бо ноз:
– Ин махфӣ аст…
Мард мегӯяд:
– Ақаллан се рақами аввалашро гап занед…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ