Бӯрёкӯбон. Сохтмони хонаҳои сӯхташуда ба анҷом расид (аудио)

Сохтмони хонаҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон зарар дида буданд, ба охир расида, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории сокинони зарардида қарор мегиранд. Дар ин бора ба pressa.tj аз мақомоти вилояти Суғд хабар доданд.

Бунёди ин хонаҳо, ки дар пайи муноқишаи марзии 14-16-уми сентябр сӯхтаву хароб шуда буданд, ду моҳ идома ёфт. Қарор аст, ки аз 24-уми ноябр то 1-уми декабр сокинон ба хонаҳои нав дароянд.

Дар умум, дар муноқишаи ахир 98 хона дар деҳаҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳаҳои Овчиқалача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров хароб шудаанд. Ин манзилҳо пурра аз ҷониби ҳукумат сохта шуданд.

Бо супориши президент комиссияи давлатие, ки таъсис гардид, ба ҳар оилаи зарардида масолеҳи бинокорӣ ва озуқаворӣ дастрас намуд.

Аз ҷумла, 22-юми сентябр ба вилояти Суғд корвони кумакҳо барои сокинони осебдидаи даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон ирсол карда шуд. 45 мошини боркаш ба минтақаи осебдида маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ расониданд. Минҷумла, 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва тахта, 5 тонна мех, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ, 25 тонна қанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *