Баррасии масъалаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистону Туркия

Дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ доир гардид.

Дар он муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намудааст, ки “бо шарофати сиёсати хирадмандонаи раҳбарони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд”.

Гуфта мешавад, ки дар рафти чорабинӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ баррасиҳо сурат гирифта, аз ҷумла таҷрибаи пешқадами ҷониби Туркия дар соҳаи тандурустӣ муаррифӣ карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.