Беҳрўз Хоҷазода ба майдони набард баргашт

Ҷудокори маъруфи кишвар Беҳрўз Хоҷазода пас аз захм бардоштану ду соли муолиҷа дубора ба майдони набард бозгашт. Дар ин бора Федератсияи ҷудои кишвар хабар медиҳад.

Яке аз мақсадҳои асосии Хоҷазода иштирок дар мусобиқоти ҷаҳонӣ мебошад, вале ба хотири тағйири баъзе қоидаҳо дар Федератсияи байналмилалии ҷудо шахсоне метавонанд дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок кунанд, ки соҳиби имтиёзҳои муайян бошанд. Хушбахтона, дар Гранд Слеми Улан-Батор ҷудокорон метавонанд соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гарданд.

Гуфта мешавад, Федератсияи ҷудои кишвар номи ўро дар барнома ва нақшаҳои таҳиякардааш шомил кардааст, аз ин рў, Хоҷазода имкон дорад дубора аз худ дарак диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *