Бохтар: Биное ки ҳусни шаҳр мекоҳад

Дар  шаҳри Бохтар, дар гардиши шоҳроҳи Ҷалолиддин  Балхӣ – Бохтар, дар   замони   Иттифоқи Советӣ сохтмони корхонаи нави   трансформаторбарорӣ оғоз ёфта буд. Бинои корхона қариб 90% сохта шуда, бо лавозимоти даркорӣ низ таъмин гардида буд.

Ҳазорон  афсус, ки баъди  барҳам хӯрдани Иттифоқи Советӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ сохтмони ин коргоҳи азим ба охир нарасид ва он ба фаъолият сар  накард. Дар даврони бесарусомониҳо лавозимоти корхона ба яғмо бурда шуд. Инак, зиёда аз 30 сол мешавад, ки ин бинои харобу вайрона бекор хоб аст ва симои шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлонро мекоҳонад.

Солҳои охир нафароне ки ба ҷамъоварии оҳанпора машғуланд дар дохили ин бино анбор сохтаанд…

Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон аз масъулин, ҳукумати вилоят ва шаҳр хоҳиш мекунем, ки ин биноро таъмиру тармим намуда, бо мақсади муйян мавриди истифода қарор диҳанд, то симои шаҳри Бохтар ҳам зебо шаваду мардум аз он баҳра бардоранд.

Ш. Яздон, А. Саъдулло,

А. Бохтарӣ, ш. Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *