Бохтар: Масъулин ба тасаллияти волидони аскари дар марз ҳалокшуда рафтанд (аудио)

Масъулини шаҳри Бохтар ба хонаи Аслан Менеқулов — аскари тоҷик, ки дар даргириҳои рӯзҳои ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон шаҳид шуд, рафтанд ва ба волидони марҳум тасаллият гуфтанд.

Шаҳрдори Бохтар ва муовини аввали раиси вилояти Хатлон ба хонаи аскари шаҳидшудаи тоҷик рафта, ба падару модари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ карданд. Ҳамчунин, ба хонаводаи марҳум Аслан Менеқулов аз ҷониби масъулин кумак расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Аслан Менеқулов — сокини шаҳри Бохтар рӯзи 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар муноқишаи сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. Ӯ аз худ қаҳрамонӣ иншон дод ва барои муҳофизати кишвар қаҳрамонона ба шаҳодат расид. Ҷасади марҳум рӯзи 15-уми сантябр дар зодгоҳаш — шаҳри Бохтар ба хок супорида шуд.

Аслан Менеқулов 3-юми августи соли 2003 дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ба дунё омадааст. Баъди хатми муассисаи таълимӣ моҳи апрели соли 2021 ба хизмати ҳарбӣ меравад. Мутаассифона, 14-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз ба шаҳодат мерасад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *