Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Комендатураи сарҳадии “Сари ғор” оғоз гардид

26 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос гардид.

Бино бар иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”-и Отряди сарҳадии “Шамсиддин Шоҳин” оғоз гардидааст.

“Дар комендатураи сарҳадӣ барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити мусоиди хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст. Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”, ки аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи либосшуӣ, ошхона, майдони сафороӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сару либос, сӯзишворӣ, мошинсарой, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ иборат мебошад, соли 2018 дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта ба истифода дода шудааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар ин ҷо ҳамзамон 8 хонаи замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи рӯзгор бунёд шудааст, ки афсарон метавонанд, дар давраи хизмат бо аҳли оилаи худ истиқомат кунанд.

Таъкид гардид, ки вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *