наручник

Боздошти мард бо гумони фиребгарӣ: Гӯё ба зиёрати Каъба мефиристодааст…

Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир кардани марде хабар дод, ки гуфта мешавад, 13 сол пеш ба фиреб машғул будааст.

Аз ӯ “марди 73-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров” ном бурда мешавад, вале шахсияти ӯ гуфта нашудааст. Гумонбар аз чанд нафар бо баҳонаи он ки ба зиёрати хонаи “Каъба” мефиристад, маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.

Дар хабарнома омадааст, ки “номбурда моҳи октябри соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Гулистон даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ, зиёрати хонаи “Каъба” ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.

Манбаъ меафзояд, ки гумонбар ба ин монанд аз се нафари дигар 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ, 8 ҳазор доллари амрикоӣ ва 4 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *