Боздошти зане бо гумони сеҳргарӣ дар Душанбе

Мақомоти корҳои дохилии пойтахт занеро дастгир кардаанд, ки ба сеҳру ҷодугарӣ гумонбар мешавад. Дар ин бора рӯзи 9-уми март аз ин ниҳод хабар доданд.

Аз гумонбар зани 60-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе Ҳалима Қосима ном бурда мешавад.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда муддатест дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ ба хунгирӣ (ҳиҷома) низ машғул будааст. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд”,- омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Гуфта шудааст, ки “номбурда дар асл ягон хел маълумоти тиббию динӣ надорад”. Аммо назари худи ӯ маълум нест.

Нисбати Ҳалима Қосимова тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *