Чор дидори журналист бо Президент
Ба назари банда, барои ҳар як журналисти тоҷик, чӣ аз Тоҷикистон ва чӣ берун аз қаламрави он, суҳбату мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи фаромӯшнашаванда ва боиси шарафу ифтихор мебошад. Тасаввур кунед, чунин шарафу ифтихор ба банда — шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сокини шаҳри Тошканд чор бор насиб шуд ва ҳоло мехоҳам аз ҳамон лаҳзаҳои басе гуворову хотирмон ёдовар шавам.
Дидори нахуст. Як хоҳиш аз Президент
Аввалин суҳбати ихтисосиамро бо Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1999 анҷом додаам. Эшон ва сарони давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар Тошканд барои мулоқот ҷамъ омаданд. Пас аз мулоқотҳо ва имзои санадҳои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он ҳар як президент дар бораи натиҷаҳои мулоқот, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба журналистон маълумот ироа намуданд.
Баъди нишасти матбуотӣ андак танаффус ба миён омад. Журналистон талош мекарданд, ки ба ин ё он президент савол додаву ҷавоб пайдо кунанд. Вақте ки ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздик шудам ва гуфтам, ки ду-се суол дорам, эшон аз оринҷам дошта, аз миёни одамон ба канор бароварданд. Яъне бароям имкон фароҳам оварданд, ки бемалол саволҳоямро дар миён гузорам ва посух гирам.
Саволи аввал ҳамин буд, ки дар ин сафар ба кадом натиҷаҳо ноил шуданд ва ин натиҷаҳо то чӣ ҳад ӯро қаноатманд намуданд. Президенд изҳор кард, ки аз натиҷаи сафари худ ба Тошканд хеле қаноатманд аст ва аз истиқболи робитаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон умеди калон дорад.
Ҳамон солҳо дар шаҳри Тошканд ҳафтавори “Фарҳанги Осиёи Марказӣ” ба чаҳор забон, аз ҷумла тоҷикӣ нашр мешуд, аммо вазъи молии хуб надошт. Он ба ҳайси нашрияи Ассамблеяи фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ интишор мешуд ва раёсати онро Чингиз Айтматов бар уҳда дошт. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дошт, ки нашри бахши тоҷикии он ба далели камбуди молӣ қатъ хоҳад шуд. Барои ҳамин аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсидам, ки оё Тоҷикистон метавонад барои идома ёфтани нашри саҳифаҳои тоҷикии “Фарҳанги Осиёи Марказӣ” кумаки молӣ расонад.
— Барои расонидани кумаки молӣ аз Тоҷикистон ба ин нашрия ягон мушкил вуҷуд надорад. Аммо барои анҷоми ин кор бояд меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидат намоянд. Нашавад, ки мо худсарона ба нашри он мудохила кунем. Агар ин тарафи масъала равшан шавад, мо ҳатман онро аз нигоҳи молӣ дастгирӣ мекунем. Ман дар ин масъала бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтугӯ мекунам,- изҳор кард ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон.
Вақте ки ин суҳбатро ба Прага ирсол намудам, он ҷо аввал ҳайрон шудаанд, ки чӣ тавр як хабарнигори минтақаӣ метавонад бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад. Ин суҳбат аз бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” пурра нашр шуд.
Дидори дуюм. Суҳбати тоҷикӣ дар ҳузури Каримов
Соли 2001 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тошканд омад ва бо Ислом Каримов дидору мулоқот анҷом дод. Баъди анҷоми гуфтушунид якчанд санад ба имзо расид. Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон нишасти матбуотӣ баргузор карданд. Он вақт ман дар бахши форсии ВВС (Британияи Кабир) кор мекардам.
Сухангӯи Президенти Ӯзбекистон профессор Рустам Ҷумъаев навбати саволдиҳиро эълон кард. Назди микрофон омадам ва аз Ислом Каримов иҷоза пурсидам, ки мешавад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ савол диҳам?
Як лаҳза хомӯшӣ ба миён омад. Аъзои ҳайати густардаи Тоҷикистон ба ақиб нигаристанд. Мехостанд донанд, ин кист, ки дар Тошканд ба Президенти Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ суол медиҳад.
— Марҳамат, савол тиед,- гуфт бо чунин лаҳн Ислом Каримов.
Сароҳатан худро ба даст гирифтам ва шерак шуда, чунин саволи маъмулиро дар миён гузоштам:
— Ҷаноби Эмомалӣ Шарипович, аз ин сафар чӣ бардошт доред ва оё аз натиҷаҳои он қаноат ҳосил намудед?
Раисиҷумҳури Тоҷикистон натиҷаҳои сафари расмиашро хеле муваффақона арзёбӣ намуд. Баъд барои саволи тоҷикӣ ба банда изҳори ташаккур низ кард.
Ислом Каримов лиҳозо бо табассум ва шеваи самарқандӣ чунин гуфт:
— Ҳамаи гапотона фаҳмидам, Эмомалӣ Шарипович!
Толори то ин замон хомӯш якбора ба шавқу завқ омад ва ҳама хурсандона кафкӯбӣ карданд.
Баъди анҷоми нишасти матбуотӣ бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбати ихтисосӣ анҷом додам. Ин суҳбат бори дувум буд, ки ман аз мушарраф шудан ба он меболидам. Вақте ки эшон пеш-пеш ва Ислом Каримови мизбон аз паси ӯ меомад, таваккул кардаму пурсидам, ки чанд суол диҳам, майлаш?
Гумон кардам, ки эшон худро ношунида мегирад ва гузашта меравад. Аммо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваққуф намуд ва “Извиняюсь, Ислом Абдуганиевич” гуфту аз ман пурсид:
— Чӣ саволҳо будааст?
Банда гумон намекардам, ки чунин иттифоқ меафтад, барои ҳамин саволҳои дуруст ҳам тайёр накарда будам. Бо вуҷуди ин, чандин савол дода, посух гирифтам. Ин суҳбати ихтисосии ман ҳам нашр шуд ва вокунишҳои мусбат гирифт.
Дидори сеюм. Дар ҳузури тоҷикони Қирғизистон
Бори сеюм бо Президенти Тоҷикистон дар бӯстонсарои президенти Қирғизистон, воқеъ дар шаҳри Бишкек ҳамсуҳбат шудам. Дар ҷараёни сафари кориаш ба Бишкек Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои раёсати Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва донишҷӯёни тоҷик дидору мулоқот кард, ки аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои мухталифи Бишкек таҳсил мекарданд.
Дар оғози мулоқот академик ва раиси ифтихории Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон Абдуҳалим Раҳимҷонов дар бораи фаъолияти созмони тоҷикон маълумоти мухтасар ироа кард. Ҳамчунин раиси нави ин созмон Равшанбек Собиров ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро итминон дод, ки барои рушду такомули забону фарҳанги тоҷикӣ дар Қирғизистон талошҳои бештар ба харҷ хоҳад дод.
Дар ин мулоқот яке аз ҷавононписарони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз оилаи камбизоат мебошад ва наметавонад пули шартномаро пардозаду таҳсилашро идома диҳад. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон вайро итминон дод, ки нигарон набошад, зеро то анҷоми таҳсил пардохти маблағи ӯро аз буҷаи мамлакат мепардозад.

Ҷавонони зиёд низ ба сухан баромада, масъалаҳоеро матраҳ намуданд, ки дар мусофират онҳоро азият медиҳад. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дилпур кунониданд, ки дар ҳамкорӣ бо раҳбарони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро ҳал мекунанд.
Баъдан, ба нафаре аз ёрдамчиёнашон амре доданд, ки маро қоил кард. Бо дастури эшон ба шаш аъзои раёсати Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон дусаддолларӣ ва ба ҳамаи донишҷӯён саддолларӣ аз номи муҳтарам Пешвои миллат тақсим карда шуд. Бори аввал медидам, ки сарвари давлат дар кишвари дигар ҳамватанони ҷавонашро ин гуна хурсанд мекунад ва онҳоро ин гуна иқдом бисёр хурсанд кард.
Вақте ки мулоқот ба фарҷом расид, раисиҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки меҳмонону донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҳеч ҷо нараванд ва ҳама дар берун якҷоя сурат мегиранд. Донишҷӯён хурсандона гуррос зада аз толор берун шуданд.
Ёдовар мешавам, ки вақти таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устоди шодравонамон профессор Воҳид Асрорӣ мегуфтанд: “Агар журналисти ҳақиқӣ мешавам гӯед, нахал шавед, фаҳмидед!”. Маҳз ҳамин ҳарфҳои устодро ҳамеша сарманшаъи кори худ қарор додаам, барои ҳамин тавонистам, ки дар нишастҳои хабарӣ ба нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов 21-22 бор савол диҳам. Инчунин бо раисиҷумҳури собиқи қирғиз Қурмонбек Боқиев чаҳор саволро матраҳ кунам ва посух гирам.
Президенти Тоҷикистон бо Абдуҳалим Раҳимҷонов ва аъзои раёсати Созмони тоҷикон гапзанон азми берун баромадан доштанд. Бо истифода аз фурсат аз президенти Тоҷикистон хоҳиш кардам, ки ба чанд суолам посух гирам. Ин дам ду муҳофизи ӯ омада хостанд, ки маро аз наздаш дур кунанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба муҳофизон ишора кард, ки моро танҳо гузоранд.
Дар ин суҳбат аз мақсаду натиҷаҳои сафари ӯ ба Қирғизистон, дидору гуфтугуҳояш бо президент Қурмонбек Боқиев, мулоқотҳояш бо доираҳои соҳибкории ин кишвар, ҳамчунин роҷеъ ба интегратсияи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ суолҳо додам. Аз ин бӯстонсаро танҳо як акс ҳамчун хотира боқӣ мондааст, ки он бароям ҳамеша боиси ифтихор мебошад.
Дидори чорум. Хоксории Президент
Дар бораи самимият ва хоксории Эмомалӣ Раҳмон борҳо мешунидам, аммо ҳодисае, ки дар бӯстонсарои Президенти Тоҷикистон, воқеъ дар соҳили Баҳри тоҷик рух дод, бори дигар собит намуд, ки эшон бо атрофиён самимӣ ва мисли дӯсту бародар суҳбат мекунанд. Ба шарафи 27 июн — Рӯзи Ваҳдат он ҷо зиёфате ороста гардид. Банда, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон Равшанбек Собиров ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир аз Қирғизистон ба ҳайси меҳмон давъат шуда будем. Он замон дар Қирғизистон дар баробари хабарнигори бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” буданам, масъулияти чопи нашрияи Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ — “Паёми Ала-Тоо”-ро низ бар дӯш доштам.
Рӯзи аввал, баъди тамошои шаҳри Хуҷанд, моро ба иди зардолу даъват карданд, ки дар яке аз минтақаҳои наздишаҳрӣ баргузор шуд. Он ҷо одами зиёд омадаву ҷои сӯзанзанӣ набуд. Вақте ки вориди намоишгоҳи иди зардолу мешудем, чанд мошин пасу пеш омаданд ва дар назди дарвозаи намоишгоҳ қарор гирифтанд. Аз мошин Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон берун шуд. Эшон бидуни он ки вориди намоишгоҳ шавад, ба назди одамони канори роҳ, ки барои истиқболи ӯ қатор меистоданд рафт ва бо чанде аз онҳо даст дода вохӯрӣ кард. Ёдам омад, ки он замон дар Ӯзбекистон вазъият комилан дигар хел буд. Иттифоқе наафтодааст, ки ягон бор Ислом Каримов ба одамоне наздик шавад, ки аз дастгоҳҳои махсуси амниятӣ нагузаштаанд.
Ин манзараи дилфиребро то охир тамошо кардам. Сонӣ, Эмомалӣ Раҳмон вориди намоишгоҳ шуд ва растаи зардолуҳоро тамошокунон бо ину он суҳбат намуд. Ин суҳбатҳо бидуни таоруфи хос сурат мегирифт ва соҳибкор гӯё бо шахси оддие суҳбат мекард.
Баъди намоиши зардолу моро ба бӯстонсарои назди Баҳри тоҷик даъват карданд. Рӯи мизи қатор чидашуда тамоми анвоъи хӯрока ва меваҳои тару тоза гузошта буданд. Як мизи мудаввар дар пештоқи толор меистод, ки рӯи он низ аз анвои хӯрданӣ пур буд. Якбора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди толор шуд. Ҳама бо арзи эҳтиром аз ҷой хестем ва эшонро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтем. Ҷаноби Олӣ ба яке аз курсиҳои ҳамон мизи мудаввар нишаста ва ҳамон лаҳза:
— Акаи Муъминшо, магар худам танҳо мешинам?,- гӯён бо хандаву табассум устод Муъмин Қаноатро ба гирди ин миз хонд.
Баъд боз чаҳор-панҷ нафари дигар низ бо даъвати Ҷаноби Олӣ гирди ҳамон миз рафта нишастанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он нақл кард, ки барои мардуми Тоҷикистон Ваҳдат чӣ гуна ба даст омадааст. Баъдан Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дидору мулоқотҳояш бо мухолифин, сарони кишварҳои ҳамсоя, хатари порашавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба сулҳи деринтизор хотираҳои ҷолиб нақл карда, таъкид намуд, ки барои мардуми Тоҷикистон сулҳу Ваҳдат арзиши муҳимтарин ва муқаддастарин бояд бошад ва ҳамагон бояд барои пойдории он талош кунанд.
Ин суҳбатҳо таваҷҷуҳи маро нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон дубора афзун намуд. Ман ба чунин мардиву нотарсӣ ва ҷасорату тавоноии ин сарвари боғурури тоҷик, Пешвои миллат қоил мондам. Ҳамон лаҳзаҳо бештар дарк намудам, ки пешрафту муваффақиятҳои Тоҷикистон ва барқарории сулҳу субот аз куҷо маншаъ гирифтааст!
Ҷаноби Олӣ баъди чанд лаҳзаи суҳбат мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳама ба суҳбатҳои эшон гӯш дода, даст ҷониби дастурхон намебаранд.
— Гап ин хел, азизон. Касе касеро ба хӯрдану нӯшидан даъват намекунад. Ҳамаи ин нозу неъмат, ки рӯи миз гузоштаанд, барои мову шумост. Нӯши ҷон кунед. Касе майл дорад, шишаҳоро ҳам кушоеду нӯши ҷон кунед. Имрӯз Тоҷикистони азиз ва мардуми мо ид дорад, Иди Ваҳдат! Касе ба касе сухан низ намедиҳад. Ҳар кас хоста бошад, ба байн барояд ва ҳарчи гуфтан ё шеър хондан мехоҳад, марҳамат!,- гуфт ба ҳозирини ин зиёфат Эмомалӣ Раҳмон.
Сонӣ худ “Бисмиллоҳ” гуфта, ба хӯрдан оғоз кард. Дигарон ҳам ба хӯрдану нӯшидан пардохтанд.
Аввалин шуда шоираи шинохта Зулфия Атоӣ ба байн баромад ва ҳамаро бо иди Ваҳдат табрик гуфту чанд шеъри тозаашро ба самъи ҳозирин ҳавола намуд. Баъди вай боз чанд адиби дигар баромада сухан гуфтанду шеърҳо хонданд.
Вақте майдон як лаҳза холӣ монд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт:
— Амриддин, намебаройӣ, ягон сурудмон бихонӣ?
— Ҷаноби Олӣ, охир, торама наовардаам,- гуфт аз ин даъвати ногаҳонии Эмомалӣ Раҳмон андак саросема шуда Амриддини Кабир.
— Ликобчара гиру бихон. Табиӣ мебарояд ва мо туро дастгирӣ мекунем,- гуфт Ҷаноби Олӣ ӯро ба миёнаи давра хонда.
Амриддин аз ҷой хесту ба байн баромад.
— Як суруд мехонам, шунавандаҳои аввалаш шумо ҳастед,- гуфт Амриддини Кабир ва бо ликобча як суруд хонд.
Дарвоқеъ, матлааш иди Ваҳдат ва сулҳ дар Тоҷикистонро тараннум мекард. Ҳозирини зиёфат бо шавқи том ин суруди ӯро гӯш карданд ва бо кафкӯбӣ аз он истиқбол намуданд.
Мо ба иди Ваҳдат шумораи идонаи “Паёми Ала-Тоо”-ро нашр карда оварда будем. Аммо зиёд афсӯс мехӯрдам, ки як даста аз ин шумора ба ин ҷо наовардаам. Метавонистам онро гирифта барояму Президенти муҳтарам ва ҷамъи ҳозиринро бо идашон табрик кунам ва яктоӣ аз ҳамон нусхаи рӯзномаамон ба ҳайси шумораи идона тақдим намоям.
Зиёфат хеле хубу хотирмон гузашт. Ҳама аз ҷо хеста, Президентро бо қарсак ва эҳтироми хос аз толор гусел кардем. Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузург баргузор гардид. Мо бо таассуроти олӣ аз Хуҷанд озими шаҳри Бишкек шудем…
Дар охир ба ин нукта таъкид карданиам, ки худро журналисти тоҷики хеле хушбахт мешуморам. Зеро анҷом додани се суҳбати ихтисосӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як бор нишастан дар зиёфате бо эшон муяссарам гаштааст.
Мирасрори ФАРҒОНӢ,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, Барандаи Ҷоизаи “Қалами тиллоӣ”, Ҷоизаи ба номи Девид Бурк (ИМА) ва Ордени «Дӯстӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ