Имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар даргузашт

Имрӯз, 7 феврал Саидҷон Сорбонхӯҷа, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар дар синни 78-солагӣ аз дунё гузашт.

Ӯ дар байни мардум бештар бо тахаллуси “Эшони Саидҷон” машҳур буд. Як замон  муовини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ буд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Эшони Саидҷон ду моҳ боз ранҷи беморӣ мекашид ва чанд рӯз қабл ба сактаи мағзӣ гирифтор шудааст.

 Вақтҳои охир табибон ӯро ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда будаанд. Тахмин меравад, ки ҷасади Эшони Саидҷон дар Норак, канори қабри падараш ба хок супурда шавад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *