гармхона

Дар Рӯшон калонтарин гармхонаро ба истифода медиҳанд

Моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Рӯшон калонтарин гармхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохта ба истифода дода мешавад.

Бино ба иттилои МИҲД-и ВМКБ, ҷиҳати шиносоӣ аз рафти сохтмони гармхонаи мазкур ва раванди корҳои бунёдӣ дар биноҳои ҷашнӣ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз ноҳияи Рӯшон боздид намудаанд.

— Дар Рӯшон сокинон ба бунёд намудани гармхонаҳо шуғл пайдо намуда, рӯз аз рӯз дар ноҳия теъдоди гармхонаҳо зиёд мешаванд. Корҳои сохмтонӣ дар калонтарин гармхона аз моҳи октябри соли 2022 шуруъ гардида, тибқи нақша моҳи феврали соли равон ба анҷом мерасанд. Баъди ба анҷом расонидани корҳои васлкунии гармхона 24 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.