Дар шумораи №25-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома ва силсилафилмҳои туркӣ бо суоли “Эда Эдҷе “Муҳаббати мамнуъ”-ро тарк мекунад? ” муроҷиат кардааст.

Қиссаи “Хокистартӯдаи модар” сарнавишти занест, ки бо гуноҳи шавҳараш оилавайрон шуда, бо як фарзанд ба хонаи падар баргашта, бори дуюм бо марди хубу нексиришт издивоҷ мекунад, вале баъди чандин сол шавҳараш пайдо шуда…

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта аз муроҷиати гуруҳи “Арабшо” то суҳбати даруни обии Моҳпайкар ва Баҳриддини Сабур мутолиа намоед.

Қиссаи “Қурбонии пирӣ” сарнавишти занеро қисса мекунад, ки дар синну соли баркамол ошиқ шуда, ба хотири ҷавону зебо шудан ва ба даст овардани муҳаббати марди орзуҳояш даст ба ҷарроҳии пластикӣ мезанаду дар натиҷа вафот мекунад.

Зери рубрикаи “Чеҳра” мавод дар бораи кору фаъолияти ҳунарманди боистеъдод ва бонуи соҳибҳунар Бунафша Муқимова пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Тифл дар батни модар ба диабети қанд гирифтор мешавад?” оид ба сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.