Дар шумораи №38-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Шабнами Сурайё дар Стокголм консерт медиҳад?” дар мавриди баргузор гаштани консерти ҳунарии сарояндаи маъруфи кишвар пурсон шудааст.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома таҳти унвони “Гиряи Ташриф ва Ғарибшо барои шаҳидони Ватан” маводе таҳия гардидааст, ки дар он аз қурбониёни ҳодисаҳои нохуши дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода нақл карда мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад.

“Қиссаи ҷоҳил” сарнавишти занеро нақл мекунад, ки аҳли оилаи шавҳарро ба дод овардаву бар асари ахлоқи пасту разилона доштанаш дар интиҳои умр маъюбу дастнигар гашта бошад ҳам, аз неши забонаш ҳанӯз ҳам заҳр меборад.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Вохӯрӣ бо палонҷ”. Чунин унвон гирифтааст қиссаи навбатӣ, ки инъикоскунандаи аксари оилаҳои тоҷик аст. Зан тамоми умр меҳнат карда, хонаву дари худро обод мекунаду аз шавҳари худ на кумак мебинад ва на меҳрубонӣ. Билохира, мефаҳмад, ки шавҳараш зани дуюм дораду тамоми умр ӯро фиреб медиҳад…

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз “Ногуфтаҳо”-и Шуҳрат Сайнаков то саҳнаи нави “Хандинкамон” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро дар тирамоҳ дарди гурда хурӯҷ мекунад?” оид ба сабабҳои бемории гурда, роҳҳои пешгириву оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Хатоҳои ҷавонӣ модарамро беқадр кард”, “Фарзандро партофтан мардӣ нест!”, “Шавҳар дӯст надорад, дар Аврупо ҳам хушбахт намешавӣ!” номаҳои кӯтоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *