Оила

Дар шумораи №5-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро бо номи “Модар, ки бимурд, падар пиандар гардад”, “Аз ҳамватанам шарм доштам”, “Ғами Комрон маро мекушад” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа рубрикаи хобномаи исломӣ пешниҳод гардидааст. Дар ин шумора “Дар хоб азон гуфтан чӣ таъбир дорад?” ва “Қиёмат дар хоб” таъбир карда мешаванд.

Қиссаи “Хонаи шӯ арра дорад!” сарнавишти занест, ки дар хонаи шавҳар қадру қиммат надорад ва ҳатто фарзандони худаш ӯро ҳурмату эҳтиром намекунанд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кӯтоҳи хонандагон дар мавзуи динӣ ҷавобҳои кӯтоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари саҳифа тақвими вақтҳои намоз барои моҳи феврал пешкаши намозгузорон карда шудааст.

“Ишқи мӯзадӯзи гунг…” зиндагиномаи пурдарди ҷавонмарди гунгест, ки ба духтаре ошиқ шуда, то ба охир ишқи ӯро аз қалб берун карда наметавонад.

Қиссаи “Ба сағераҳо некӣ кардаму…” сарнавишти занест, ки дар ғарибӣ ҳангоми дар нақлиёти ҷамъиятӣ сафар намуданаш тасодуфан ба сағераҳо хубӣ мекунаду подоши некиҳои худро мебинад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз мусоҳибаи Фараҳноз Шарафова то нашри “Ман духтари тоҷикам”-и Фирӯза” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” мусоҳибаи рӯзноманигор Фирӯза Сатториро бо сарояндаи хушсадо Зиёвиддини Нурзод мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Киҳо дугонику сегоник таваллуд мекунанд?” давоми маводи тиббиро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *