Давлаталӣ Саид дар Эрон. Аз тасмими табодули таҷрибаи лаблабукорӣ то истеҳсоли шакар

Дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Хуросони Разавии Эрон боздиди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мазрааи кишти лаблабу ва гандуми Фаримон сурат гирифтааст.

Дар ин боздид раиси вилояти Хатлонро роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ ва утоқи бозаргонии ин минтақа ҳамроҳӣ кардаанд.

Қайд гардидааст, ки мазраа аз 44 гектар иборат буда, дар он лаблабуи қанд парвариш карда мешавад. Ин мавзеъ асосан барои истеҳсоли шакар нигаронида шуда, ҳисоби миёнаи тавлиди лаблабу 54 тонна аз ҳар гектарро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи истифода аз усулҳои муосири парвариш, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, соли гузашта ҳосили баланди лаблабу ба даст омада, то 90 тонна лаблабу аз ҳар гектар бардошта шудааст.

Тавре ба раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иттилоъ додаанд, ҳосили рекордии лаблабу дар ин мавзеъ 150 тонна аз як гектар аст, ки дар гузаштаи начандон дур ба қайд гирифта шудааст. Нархи бозории ин маҳсулоти кишоварзиро мақомоти давлатӣ танзим мекардаанд.

Давлаталӣ Саид доир ба таҷрибаи парвариши лаблабу дар вилояти Хатлон сухан карда, гуфтааст, ки табодули таҷрибаи лаблабукорони ҳар ду вилоят барои афзоиш додани ҳосил, ба роҳ мондани коркарди баъдии он ва боло бурдани самаранокии истифодаи замин муфид мебошад.

Инчунин, ҳайати роҳбарият ва соҳибкорони вилояти Хатлон ҳамчунин дар ду гурӯҳ — яке кишоварзӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва дигаре саноат бо роҳбарии раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ аз маконҳои кишоварзии шаҳри Тӯс ва шаҳракҳои саноатӣ дидан намудаанд.

Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Фаримон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шакар шинос шудааст. Зикр гардидааст, ки ин корхона 55 сол боз ба истеҳсоли шакар аз лаблабуи қанд машғул буда, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ касб кардааст. Роҳбарияти корхона иттилоъ доданд, ки дар як мавсим то 190 ҳазор тонна лаблабу мавриди коркард қарор гирифта, то 40 ҳазор тонна шакари хушсифат истеҳсол ва ба бозорҳои дохилу хориҷи Эрон содир карда мешавад. Вилояти Хуросони Разавӣ дар маҷмуъ 9 корхонаи истеҳсоли шакар дошта, яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи ин навъи ғизо дар Эрон маҳсуб меёбад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз ҳолдинги “Гуҳар”, ки аз ҷумлаи бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Эрон мебошад, дидан намудааст. Роҳбарияти ширкати мазкур ҳайати Хатлонро истиқбол гирифта, ба сайри шиносоии корхонаи “Гуҳар Дона Шарқ” даъват кардаанд. Иттилоъ дода шудааст, ки ҳолдинги “Гуҳар” аз 14 корхона, аз ҷумла “Гуҳар Таробар Шарқ”, “Гуҳар Коло Шарқ”, “Гуҳар Мукамел Шарқ”, “Гуҳар Тиҷорат Шарқ”, “Гуҳар бол Шарқ”, “Гуҳар Мокиён Шарқ”, “Гуҳар Протеин Шарқ” ва ғайра иборат аст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо робарияти ҳолдинги “Гуҳар” доир ба имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории Хатлон сухан ронда, қайд намудааст, ки ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони тоҷику эронӣ ва сармоягузорӣ дар бунёди коргоҳҳои саноатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бо мақсади дар оянда фаро гирифтани бозорҳои минтақа аз ҷумлаи самтҳои боровари ҳамкорӣ хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *