Доруи дӯстӣ. Тоҷикистону Ӯзбекистон корхонаи дорусозӣ ташкил мекунанд

Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, ки корхонаи муштараки дорусозӣ иаъсис диҳанд. Ин тарҳи муштарак зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вазири тандурустии он кишвар Беҳзод Мусоев дар Тошканд баррасӣ гардидааст.

— Дар ин мулоқотт ҳамзамон сайёҳии тиббӣ ва сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни кишварҳоро дар самти тандурустӣ баррасӣ карданд,- хабар медиҳад намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.

Ҷонибҳо доир ба бозомӯзии мутахассисони Тоҷикистон дар муассисаҳои муосири тиббии Ӯзбекистон дар самтҳои вирусология, микробиология, эпидемиология, иммунология изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки инчунин баргузор намудани Рӯзҳои тиббии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, таҳия ва ба имзо расонидани «Харитаи роҳ» миёни ду вазорати тандурустии кишварҳо аз мавзуоти муҳим будааст, ки сари он изҳори назар сурат гирифтааст.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон барои рушди бахши дорусозӣ талош дорад ва барномаҳои мушаххас низ рӯйи кор аст, аммо то кунун бештари маводи мавриди ниёзи аҳолӣ аз хориҷ ворид мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 53,5 миллион доллар дору ва лавозимоти тиббӣ ворид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 18,9 миллион доллар бештар аст.

То кунун Тоҷикистон танҳо даҳ фисади талаботи доруи дохилиро истеҳсол мекунад ва талош дорад бо дарёфти шарикони хориҷа ин бахшро рушд додаву бозорро аз худ кунад. Бахши фармасевтӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат буда, дар натиҷаи дастгирии давлат номгӯи доруворӣ дар кишвар аз 88 адади соли 2015 дар соли 2020 ба 404 адад афзоиш ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *