Дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даргузашт

Шозимова Тахмина Давроновна — дотсенти кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар синни 50-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора дар саҳифаи расмии ДМТ дар “Фейсбук” сӯгворӣ нашр гардид.

Мавсуф 12-уми декабри соли 1972 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Солҳои 2010 — 2016 ба ҳайси ассистент ва муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоӣ ва аз соли 2016 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият кардааст.

— Муаллима дар ҷодаи илму таълим муваффақ буда, дар роҳи камолоти эҷодӣ қарор дошт. Дареғ, ин гуна омӯзгори асил дунёро падруд гуфт,- омадааст дар иттилоияи саҳифаи ДМТ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *