Душанбе: Ҷойҳои забҳи чорво дар иди Қурбон муайян шуданд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи иди Қурбон барои куштани чорво дар шаҳр танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда иҷозат додааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Душанбе, забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2, кӯчаи Шукуҳӣ 44 иҷозат дода шудааст. Дар маҳаллаи Ховарон чорворо метавон дар теппаи Шарқӣ минтақаи 7, маҳаллаи Чиноро-1 кӯчаи Назаршоев 374, маркази савдои Ховарон кӯчаи Айнӣ 259, маҳаллаи Фалакон, маҳаллаи Қуштеппа (1 Май), маҳаллаи Яккатут, маҳаллаи Чилмеҳроб забҳ кард.

Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳорров (наздикии Фабрикаи шири “Саодат”), маҳаллаи Гулбутта, кӯчаи Мир-Алӣ шаҳраки 42, кӯчаи Борбад назди бинои 64 (М/С Ганҷ) шаҳраки 62, кӯчаи Есенин — 47/2 маҳаллаи Қаротегин.

Дар ноҳияи Сино дар рӯзи ид ба куштани чорво дар кӯчаҳо Пахтакор 70, Тургенев 29, Наврӯз 280, Фурузон 162, дар маҳаллаи Роҳи нав-кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, кӯчаи Лермонтов 466, кӯчаи Ҳувайдуллоев 12 А, маҳаллаи Ҳаёти нав 74, Ҳаёти нав 313, маҳаллаи Меҳнатобод, Лучоби боло ва поён, маҳаллаи Арғувон-кӯчаи Шодоб 153, маҳаллаи Камонгарон- кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, маҳаллаи Ҳисорак, маҳаллаи Панҷруд маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, маҳаллаи Ҳамадонӣ кучаи Мехкалон 50 хонаи 27/3, Деҳи боло 222, маҳаллаи Шараф, маҳаллаи Меҳробод 2 гузаргоҳи Қубодиён 18 иҷозат дода шудааст.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ куштани чорво дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар наздикии Маркази гармидиҳӣ — 2 (ТЭЦ)-и Душанбе иҷозат дода шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.