Душанбе нақшаро иҷро кард. Шаҳру навоҳии дигар чӣ?

Шаҳри Душанбе дар пайи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дуюмин минтақаи Тоҷикистон шуд, ки аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дод.

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 100% иҷро гардид. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи пойтахт нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намудаанд. Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон оғоз шуда, то охири ноябр дар назар аст.

Гузориш аз иҷрои нақшаи даъват дар пойтахт дар ҳолест, ки   Вазорати мудофиа ба ҳолати 14-уми ноябр иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ 84% гуфта буд.

Мақомоти дифоии Тоҷикистон мегӯянд, ки феълан зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Дар вилояти Хатлон гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ идома дошта, то ҳол ҳудуди 81%-и нақша иҷро гардидааст. Ин нишондод дар вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил медиҳад.

Вазорати мудофиа мегӯяд, ки барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.