Носирова Сумая

Дуздии электронӣ. Ҷавондухтаре дастгир шуд

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷавондухтареро ба гумони тасарруфи маблағҳои калон ба шакли электронӣ дастгир кардаанд.

Ин ниҳод хабар дод, ки Носирова Сумаяи 18-сола пеш бо ҷурми ғоратгарӣ суд шудааст. Ӯ бо пайдо кардани рамзи кортҳои бонкии шаҳрвандон маблағи онҳоро ба корти худ гузаронидааст.

— Бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як нафар савдогар маблағи 4490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Носирова Сумая рӯзи 18-уми январ низ аз корти электронии як нафар корманди маркази савдои “Шоҳмансур” 7190 сомониро ба корти худ гузаронидааст.

Носирова Сумая дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян месозад, ки оё номбурда дар ягон ҳолати дигари ҷиноят даст дорад ё не.

Бояд гуфт, қаблан Бонки миллии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор дода буд, ки аз чунин “дуздон” эҳтиёт бошанд.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *