Эмомалӣ Раҳмон Путинро гусел кард

Имрӯз, 29 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Русия Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, гусел кард.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят, костюм и в помещении

“Зимни вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Тоҷикистону Русия бар нафъи мардумони ду давлат хизмат хоҳад кард”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.