Эрон дар Тоҷикистон корхонаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ифтитоҳ кард

Раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ ва генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронии Абобил 2-ро ифтитоҳ карданд.

Бино ба иттилои рӯзноманигори мустақил Нурмуҳаммад Раҳимӣ, ба манзури таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоъӣ ва низомии ду кишвар ифтитоҳи ин корхона бо ҳузури гуруҳе аз мақомоти Эрон ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Генерал Боқирӣ дар суханронии худ дар ин маросим гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо талошҳои мутахассисон ва донишмандони содиқаш ва бо истифода аз зарфиятҳои дохилии худ тавонист дар ҳама абзорҳои низомӣ ва дифоъӣ, ба вижа тавлиди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба рушди қобили мулоҳизае ноил шавад.

«Имрӯз мо дар мавқее ҳастем, ки ба ҷуз аз таъмини ниёзҳои дохилӣ ба манзури афзоиши амният ва сулҳи пойдор, метавонем ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст таҷҳизоти низомӣ содир кунем»,- гуфтааст Боқирӣ.

Генерал Боқирӣ ифтитоҳи корхонаи «Абобил 2» дар Тоҷикистонро як гардиш дар ҳамкориҳои низомии ду кишвар хонда, гуфтааст, ки “Худо хоҳад, дар оянда ҳамкориҳои бештар аз ҳама сатҳҳои дифои низомии Эрон ва Тоҷикистонро мебинем”.

Дар анҷоми маросим калиди рамзии ифтитоҳи корхона ва шаҳодатномаи хатми курси омӯзишӣ ба фармондеҳон ва ситоди неруҳои ҳавоии Тоҷикистон супорида шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.