Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА, вазири молияи Тоҷикистон

Зиндагинома. Файзиддин Қаҳҳорзода 5-уми августи соли 1971 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Солҳои 1989-1992 дар неруҳои дарёии Иттиҳоди Шӯравӣ хидмати низомӣ кардааст. Соли 1997 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисоди байналмилалӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Солҳои 1997-2015 дар симатҳои сардори Хадамоти амнияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳисобдори дараҷаи 3, иқтисоддони дараҷаи 1, муовини сардори Шуъбаи муомилоти пулӣ, сардори Шуъбаи назорати арзии Департаменти бозаргонии хориҷӣ, сардори Шуъбаи назорати арзӣ ва қарздиҳии Департаменти бозаргонии хориҷӣ, муовини мудир — сардори Идораи амалиёти арзии Департаменти бозаргонии хориҷии “Ориёнбонк”, муовини мудири Ожонси хариди молҳо, кор ва хидматрасонӣ, муовини мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор, хидматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржаӣ, муовини сардори Сарраёсат — сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ, сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2015 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Вай дар солҳои 2016-2017 ба ҳайси муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2017 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2018 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Қадршиносӣ. Дорандаи медали “Хидмати шоиста”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.