Файзигул орзуҳояшро ба хок бурд

Файзигул Юсуфӣ — сарояндаи саршиноси тоҷик баъди ҷарроҳии омоси сар дар шаҳри Деҳлӣ – пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон аз олам даргузашт. Марҳум 50 сол дошт. Аҳли ҳунар ва мухлисон даргузашти ӯро талафоти азим барои санъати тоҷик арзёбӣ намуданд.  

Ганҷи “Ганҷина”

Файзигул Юсуфӣ (Юсупова) 31 майи соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат, дар хонаводае таваллуд шудааст, ки ҳама дӯстдори ҳунар буданд. Чун бародараш сароянда буд, Файзигулро аз 16-солагиаш ба маъракаҳо мебурд.  

Айёми шубоби рӯзгорашро ӯ дар барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютубканали pressa.tj чунин ёдовар шудааст: “Муҳити оилаи мо, ки фарҳангӣ буд, ман аз кӯдакӣ сарояндагӣ мекардам. Дар кружокҳои мактабӣ фаъол будам. Ҳамин тавр, замони мактабхонӣ дар Ваҳдат ба қавле овозадор будам ва маро ба шабнишиниҳо даъват мекарданд…”

Истеъдоди Файзигул Юсуфиро дар як чорабинӣ устоди ҳунар Зафар Нозим писандида, ӯро ба ансамбли фолклориву этнографии “Ганҷина” ба кор даъват мекунад:

“Ёд дорам, ки хеле духтараки ҷавон будам, вақте ба филармония ба кор омадам. Нав мактаби миёнаро хатм карда будаму бо даъвати устод Зафар Нозим ба ансамбли фолклориву этнографии “Ганҷина” ба кор ҷалб шудам. Рақсро дӯст медоштам, бинобар ин, аввал дар барномаҳои ансамбл рақс мекардам. Нозукиҳои ин ҳунарро аз Амонулло Мӯсоев омӯхтам. Баъдан ба сарояндагӣ машғул шудам. Ҷавон, ки будам, такопӯ доштам, талош мекардам, ки дар санъат мавқеъ пайдо кунам,” – гуфтааст Файзигул дар барномаи “РӮ ба РӮ”.

Файзигул дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон беш аз 30 сол фаъолияти босамар дошт ва бо устодони ҳунар Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Муродбек Насриддинов, Чиллахон Холов, Ҳаётой Муъминова, Сафаргул Юсуфӣ ва дигарон кор кард…

Сарояндаи даврони ҷанг

Файзигул Юсуфӣ аз зумраи сарояндагонест, ки дар солҳои душвори 1990-ум вориди майдони ҳунар шуд. Вақте дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва садои ҳунармандонро шиллики тиру туфанг хомӯш мекард, ӯ дар саросари Тоҷикистон дар тӯю сури мардум суруд мехонд ва лаҳзае ҳам бошад, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм мекард.

“Дар солҳои 90-ум ман соле 2-3 консерт дар калонтарин толори кишвар “Кохи Борбад” баргузор мекардам. Ғайр аз курсиҳо мухлисон дар роҳравҳо менишастанд. Наметарсидам, зеро ҷавон будаму нотарс. Фақат дар бораи ҳунар фикр мекардам, дигар ҳеҷ”.

Файзигул Юсуфӣ дар барномаи “РӮ ба РӮ” як лаҳзаро аз солҳои 90-ум чунин нақл кардааст: “Акаи Зиё ном коргардон доштем. Он вақтҳо душвор буд, мисли ҳозира экранҳо набуданд. Толорро ба ҳар васила оро медодем. Як рӯз акаи Зиё гуфтанд, ки дар консерт як навигарӣ мекунем. Он кас як арғунчакро бо занҷирҳояш аз боғи марказии шаҳр канда оварданд ва онро ба болои саҳна кафшер намуданд. Гуфтанд, ки дар консерт ту аз боло мефароӣ. Ман аз аввал тарс доштам, вале барои мухлисон шуда, розӣ шудам. Ҳамин тавр, дар оғози консерт ман аз болои саҳна пайдо шудам… Ин хеле саҳнаи хотирмон буд”.

Рӯзҳои душвор

Файзигул Юсуфӣ дар суҳбат бо Орзу Исо гуфтааст, пас аз як консерти пуродамаш соли 1997 дар Кохи Борбад як қумондони он замон таъсиргузоре ӯро иҷборан ба хонаи худ бурда, маҷбур ҳамроҳаш никоҳ кард ва як сол дар хонае танҳо зери назари муҳофизон нигоҳаш дошт. Тасодуфан бо кампираки руси ҳамсояаш аз тиреза шинос шуду ҳасрати худро гуфт ва тавассути телефони хонагии ӯ ба кадом шиносаш тамос гирифт. Барояш коғазу қалам оварданд ва ин одами нек номаи пурдарди Файзигулро ба президент расонд. Ҳафтае пас ӯро аз асорату никоҳи маҷбурӣ раҳо карданд. Аз қумандони пурнуфуз ва сарватманд дар иваз ҷуз озодӣ ва роҳ ба саҳна чизе нахост. Пас аз чанд соле ин “зӯр”-ро ба зиндон кашиданд, аммо бо ҷурми дигар… Файзигул боз ба саҳна баромад. Як соли таътилшударо ҷуброн намуд. Мухлисонаш намедонистанд, ки ин ҳама овози зебову матни пурмаъно ба ивази чӣ қадар мушкилиҳо ба самъи онҳо мерасад. Кош ин дарду даҳшат барояш охирин мебуд. Аммо санҷиши Худованд ҳамоно идома дошт. Пас аз тақрибан як моҳи раҳоӣ аз “зиндони шавҳар” галлаи тороҷгарон ба хонааш ҳуҷум карданд. Дар баробари он ки ҳама маблағҳои бо машаққат ҷамъовардаи Файзигулро бо худ бурданд, осори дигаре дар пойи ҳунарманд гузоштанд: пайи тире, ки он замон ба пояш заданд, то лаҳзаи марг намудор буд.

Файзигул Юсуфӣ дӯст намедошт дар бораи солҳои 90-ум суҳбат кунад, зеро зиёд азият кашида буд. Мегуфт: “Ман ҳунарро дӯст медорам. Қурбонии санъат ҳастам. Ман он солҳо зиёд азоб кашидам, вале… Дигар намехоҳам дар бораи он рӯзҳо суҳбат кунам. Хушбахтона, ҳоло кишвари мо ободу озод аст ва беҳтар аст, аз рӯзҳои нек ҳарф занем…”

Завқи мардум костааст…

Файзигул сарояндае буд, ки сурудҳои халқии тоҷикиро бо коркарди нав иҷро мекард ва ба ин васила дар қалби мухлисон ошён гузошта буд. Ӯ сурудҳои зиёди эстрадӣ иҷро кардааст, вале муваффиқияти ӯ дар иҷрои сурудҳои мардумӣ, монанди “Деҳқонбача” буд. Сурудҳояш “Тӯёна”, “Нигор”, “Наврӯз”, “Намешиносӣ”, “Аз Тоҷикистонам”, “Шукронаи ободии Ватан”, “Деҳқонбача”, “Эй ҷон” ва ғайра миёни мухлисон маҳбубият доштанд. Ӯ сурудҳои ватандӯстонаро низ бо маҳорати баланд иҷро мекард.

Файзигул Юсуфӣ аз он нигаронӣ мекард, ки имрӯзҳо сурудҳои каммазмун аз ҷониби сарояндагон иҷро мешавад ва завқи мардум низ чунин сурудҳоро меписандад.

“Солҳои ҷавонии мо ҳунарманд худро ба телевизион муаррифӣ мекард. Талаботи телевизион вазнин аст ва ҳар кас наметавонад роҳ ёбад. Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки ҳар касе, ки истеъдод дорад ё надорад, худро муаррифӣ кунад. Ва аҷиб он аст, ки халқ онҳоро мепазирад. Яъне, завқи мардум ҳам костааст. Солҳои нахустине, ки банда ба майдони ҳунар омадам, дар интихоби матну оҳанг хеле дақиқкор будем. Хушбахтона, устодон ба ман бештар фолклори тоҷикро пешниҳод мекарданд. Ҳамин тавр, сурудҳои “Чӯпонбача”, “Найнавоз”, “Қошуқ метрошам” ва ғ. дар репертуари ман пайдо шуданд… “ – мегуфт, Файзигул.

Файзигул дар суҳбатҳои ахираш мегуфт, ки нияти баргузор кардани консерт бо оркестрро дорад.

“Соли 2019 бо Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон як консерт баргузор карда будам. Ҳоло ният дорам, ки консерти нав баргузор кунам. Мехоҳам сурудҳои классикӣ сароям” – мегуфт марҳум.

Орзуи зиёрати Хонаи Худо

Файзигул модари 5 фарзанд буд ва 6 набера дошт. Бо фарзанду набераҳояш ифтихор мекард.

“Вақте фарзандони ман таваллуд шуданд, модарҷонам зинда буданд ва масъулияти бештар сари он кас буд. Ман намедонам, ки фарзандони ман чӣ гуна ба воя расиданд. Вале чун имрӯз бибӣ шудам, нав дарк мекунам, ки калон кардани кӯдак чӣ қадар душвор будааст. Агар кӯдакони ман шаб гиря мекарданд, модарам маро бедор намекарданд, ки аз тӯй ё консерт хаста шуда омадаам. Вале имрӯз барои набераҳоям ман бедор мешавам. Зеро бибӣ будан масъулияти бештар дорад” – гуфтааст Файзигул Юсуфӣ дар барномаи “РӮ ба РӮ”

Файзигул Юсуфӣ орзуи зиёрати Ҳаҷро дошт. Дар суҳбати охирине, ки дар барномаи “РӮ ба РӮ” дошт, гуфтааст:

“Ман ягон вақт фикр накардам, ки санъатро тарк кунам. Вале фикр мекардам, ки фарзандонро ҷо ба ҷо кунам, ба истироҳат меравам. Вале санъатро тарк гуфтан, дар хаёлам набуд. Солҳои охир дар хаёлам фикре чарх мезанад. Ҳар як бандаи мусалмон орзу дорад, ки хонаи Худоро зиёрат кунд. Ман ҳам чунин орзу дорам. Орзу дорам, ки аввал хонаи Худоро зиёрат кунам ва баъдан ба истироҳат равам. Вале ба ҳамаш хости Худованд лозим…”

Файзигул Юсуфӣ орзуҳои хешро ба хок бурд. Вале номи ӯ, сурудҳои ӯ дар қалби мухлисонаш абадӣ зинда хоҳад буд.

О.Нозир

P.S. Файзигул Юсуфиро шаби 2 ба 3-юми декабр аз Деҳлӣ ба Ватан оварданд. Ҷанозаи ӯ рӯзи 3-юми декабр дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат баргузор шуд… 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *