Фазилат: Муҳоҷират маро маъюб кард!

Фазилат ҳамагӣ 48 сол дорад, вале зиндагии пур аз ранҷу азоб ӯро бармаҳал пир кардааст. Ин зани тоҷик зиёда аз 13 соли умрашро дур аз Ватан дар муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронидааст. Ба хотири дарёфти як пора нон баҳри ду фарзанди зиндаятимаш вай маҷбур шуд, ки миёнашро маҳкам баста, қатори мардон роҳи Русияро пеш бигирад. Муҳоҷират барои зан, хоса зани танҳо осон нест ва азобҳои дар мулки рус кашидааш ба саломатии Фазилат бетаъсир намонда, ӯро маъюб гардониданд. Биёед беҳтараш сарнавишти ин зани тоҷикро аз забони худаш бишнавем.

— Фазилат, чӣ боис шуд, ки шумо рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оред?

— Зиндагии нобасомон. Ман аслан худам аз оилаи камбизоат ҳастам, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ба марде ба шавҳар баромадам, ки на хонаву дар дошту на қудрати саробонӣ кардани аҳли оилаашро. Мо-занҳои тоҷик бисёр пуртоқат ҳастем ва ман ҳам солиёни зиёде ба ранҷу азобҳои дар ба дарию камбағалӣ сабр карда, ду фарзанди гул барин зеборо ба дунё овардам. Умед доштам, ки як рӯз не, як рӯз ин ҳама мушкилиҳо поён ёфта, соҳиби зиндагии осуда мешавем, вале сабри ман меваи талх ба бор оварда, дар синни 34 -солагӣ аз шавҳарам ҷудо шудам. Бо ду фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, чӣ кор карданамро намедонистам. Кӯдаконро хӯрондану пӯшондан лозим буд, аз ҳамин хотир, маҷбур шудам ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. 

— Магар шавҳаратон барои фарзандонаш алимент намедод? Дар тарбияи бачаҳо ба шумо кумак намерасонд? 

— Ростӣ, ман аз ӯ ҳатто алимент талаб накардам, вале аз худаш ақл карда, барои кӯдаконаш ягон чиз ҳам намефиристод. Аз ӯ кӯмакеро интизор шудан маънӣ надошт. 

— Чаро алимент талаб накардед? 

— Падари фарзандонам на хонаву дар дошт, на ҷойи кору даромад, чӣ хел аз вай алименту кӯмак талаб мекардам?! Ман танҳо ба Худо ва ба худам умед баста метавонистам, аз ҳамин хотир миёнамро маҳкам баста, роҳи Русияро пеш гирифтам. 

— Кӯдаконатон чандсола буданд ва онҳоро ба кӣ монда рафтед?

— Духтарчаам 4-солаю писарам 14-сола буд. Онҳоро ба модарам монда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. 

— Ҷойи кори аниқ доштед? Касе буд, ки дар мулки бегона шуморо роҳнамоӣ кунад, дастгирӣ намояд?

— Аслан на, на ягон шинос доштам ва на такягоҳе. Тани ману тақдири парвардигор гуфта, ба сафар баромадам. Рӯзҳои аввал бисёр азоб кашидам, ҳатто маҷбур шудам, ки сумкаи либосҳоямро зери сарам монда, дар вокзал хоб равам, дар метро субҳ ба шом расонам, вале баъд кофта-кофта, дар як сохтмон кор ёфтам. 

— Барои сохтмончиён хӯрок мепухтед?

— Не, занбару зоғнулу белу каланд дар дастам, замин мекандам, хишт мекашондам, қуму семент мешӯридам, андова-штукатурка мекардам, хулоса, чӣ коре, ки мардон мекарданд, ман ҳам ҳамон корро мекардам.

— Магар барои зан анҷом додани корҳои вазнини сохтмонӣ душвор нест?

— Албатта кори сохтмон барои занон душвор ва ҳатто миёншикан аст, вале вақте ки зан нангу номус мекунад, аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд. Ман нангу номус карда, ба Русия рафта будам, бар рағми номардиҳои қисмат фарзандонамро бо меҳнати ҳалоли худ мехӯронам, мепӯшонам, ба воя мерасонам ва соҳиби як сарпаноҳ мегардонам, ҳамин чиз ба ман қувват мебахшид.  

— Музди меҳнататонро сари вақт медоданд? Ба қавли маъруф шуморо “кидат” намекарданд?

— Ман забони русиро каму беш медонистам ва ҳамин чиз бароям хеле кӯмак кард. Бо корфармоён озодона сӯҳбат мекардам ва онҳо аз сидқи дил кор карданамро дида, музди меҳнатамро сари вақт медоданд. Як қисми пул барои гирифтани патент ва иҷораи хонаю хурду хӯроки худам сарф мешуд, маблағи боқимондаро ба хонаамон мефиристодам. Модари маъюбу бародари бемор доштам ва намехостам, ки фарзандону пайвандонам аз чизе танқисӣ кашанд. Пул ҷамъ карда натавонистам, чунки маблағи ба даст овардаамро пурра ба хона равон мекардам. 

— Аслан касби худи шумо чист? Чаро бо ихтисоси худатон кор накофтед?

— Ман ягон касбу ҳунар надорам, чунки ҳатто мактаби миёнаро то охир нахондаам. Раҳматӣ падарам бисёр марди сахтгир буданд ва баъди синфи 7 маро аз мактаб гирифтанд. 

— Чаро барои идома додани таҳсил талош накардед, агар маълумот ва касбу ҳунар медоштед, шояд ин қадар азоб намекашидед?

— Моро ҳамин хел тарбия карда буданд, ки гапи падар барои фарзанд қонун аст, барои ҳамин аз хати кашидаи волидонамон ҳаргиз берун намебаромадем. Падарам гуфтанд, ки духтар бояд дар хона нишаста, ҳунарҳои занонаро ёд гирад ва бо обрӯ ба шавҳар барояд ва ман ҳам пеши ҳукмашон сар фаровардам.

— Чанд сол дар сохтмон кор кардед?

— Панҷ соли аввал дар сохтмон кор кардам, баъд бо сабаби калон шудани миомаи бачадон ва авҷ гирифтани дарди гурдаҳоям маҷбур шудам ба корҳои нисбатан сабуктар гузарам. Дар мағозаҳо фаррошӣ мекардам, хонаҳои мардумро тозаву тамиз карда, риқу рӯзии худу бачаҳоямро ба даст меовардам. Дар ин миён модарам ба инсулт гирифтор шуданд. Вақте ки ба аёдати пайвандонам ба Ватан омадам, очаҷонам ба ман дуо дода гуфтанд, ки “духтарчон, мани бемор дигар аз ӯҳдаи нигоҳубини фарзандони ту намебароям. Майлаш писарат истад, вале духтаратро бо худат ба Россия бар”. Ҳамин тавр маҷбур шудам, ки духтари 13-солаамро ҳамроҳам барам. 

— Дар Русия духтаратонро ба мактаб қабул карданд?

— Ростӣ, барои ба мактаб додани духтарам ҳатто кӯшиш накардам, чунки зӯрам намерасид, барои хононданаш пул надоштам. Барои он ки танҳо намонад, духтарамро ҳар рӯз ҳамроҳи худ ба кор мебурдам. Дукаса кор мекардем, вале маоши як нафарро мегирифтем. 

— Ҳамин тавр духтаратон ҳам бе маълумот монд?

— Оре, зиндагии вазнин боис гашт, ки ҳам ман ва ҳамдухтарам бе маълумот монем. 

— Гуфтед, ки дар муҳоҷират азобҳои сангин кашидед…?

— Азобҳои дар 13 соли муҳоҷират кашидаамро нақл кунам, як китоб мешавад. Баъзан шабҳо картонеро партофта, дар рӯяш хоб мерафтам. Рӯзҳое мешуданд, ки нони хӯрдан намеёфтам, вале ҳар гоҳ, ки модарам занг зананд, худамро мард гирифта мегуфтам, ки “очаҷон, зиндагии ман дар ин ҷо олӣ аст, аз ягон чиз танқисӣ намекашам”. Азобҳоямро ҳеҷ гоҳ намегуфтам, то ки модари беморам зиқ шуда, фишори хунашон баланд нашавад. Азоби гӯрро кашам ҳам, худро мард гирифта, ба ҳамааш тоқат мекардам, вале…

— Фазилат, чӣ шуд, ки маъюб шудед?  

— Як рӯз дар вақти корӣ ба ман занг зада, асабамро вайрон карданд. Телефон дар даст афтидам, дигар чӣ шуд, дар ёд надорам. Вақте ки чашмонамро кушодам, болои сарам пур аз духтур буд. Сарам сахт зарба хӯрда, миёнам маъюб шуд, вале маблағе надоштам, ки худро табобат намоям.  

— Ба муҳоҷирбачаҳои тоҷик муроҷиат накардед, ки кумакатон кунанд?

— Пеш аз ин бачаҳои тоҷик барои ҷарроҳии миомаи бачадон ба ман кӯмак расонида буданд, рӯям нашуд, ки дубора ба онҳо муроҷиат кунам. 

— Пас аз афтида, маъюб шудан ба Ватан баргаштед?

— Не, муддати ду сол дар Русия азоби беморӣ кашидам. Умед доштам, ки шояд сиҳат мешавам ва дубора ба кор мечаспам, вале ба ҷойи беҳ шудан, ҳолам торафт бадтар шуду тоҷикбачаҳо “апа, одаму ҳаводис гуфтаанд, мабодо дар ин мулки бегона бо шумо ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад” гуфта, бо пули худашон чипта хариданду маро ба Тоҷикистон гусел карданд. Қариб ду моҳ мешавад, ки дар Ватан ҳастам ва дар хонаи бародарам зиндагӣ карда истодаам, чунки ягон сарпаноҳ надорам. 

— Дар 13 соли муҳоҷират пули хона ҷамъ карда натавонистед? 

— Тамоми маблағе, ки ман дар муҳоҷират кор кардам, сарфи хӯрондану пӯшондани фарзандонам ва патенту иҷорапулию дигар хароҷотҳо гашт. Шукр, ки бо нони муҳоҷират фарзандонамро калон кардам, вале барои хонахарию хонасозӣ пул ҷамъ карда натавонистам. 

— Ба мақомот муроҷиат накардед, ки ба шумо кумак расонанд?

— Ба номи Пешвои миллат мактуб навиштам ва миннатдорам, ки  модари танҳо буданамро ба назар гирифта, ба ман як порча замин доданд, вале пуле надорам, ки як кулбача сохта, сарамро паноҳ кунам. Мани бемор имрӯз барои бародарам, ки худаш ҳам касалии қанд дорад, як сарборӣ гаштаам ва дар дилам танҳо як орзу дорам, ки мӯъҷизае рӯй диҳаду соҳиби манзил гардам, то ки бо фарзандонам каме ҳам бошад, аз зиндагӣ биосоям. 

— Ба занҳое, ки мехоҳанд мисли шумо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, чӣ маслиҳат медиҳед? 

— Муҳоҷират барои зан бисёр душвор аст. Ман дар бадали 13 соли дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданам занони бисёреро дидам, ки ҷойи кору хонаи иҷора наёфта, азобҳои сангин мекашиданд. Бисёриҳо “биё, кори хубу сердаромад ҳаст” мегӯянд, вале вақте ки меравӣ, телефонашонро хомӯш мекунанд.  Барои ҳамин ба занҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, чунин маслиҳат медиҳам, ки аввал ҷойи корро ёфта, баъд ба сафар бароянд ва ҳатман забони русиро омӯзанд, чунки кори муҳоҷир бе донистани забон пеш намеравад. 

— Дар охир чӣ таманно доред? 

— Таманно дорам, ки муҳоҷирон сиҳату саломат ва бо кисаи пур ба Ватан ба назди аҳли оилаашон баргарданд. Тоҷикистони мо ҳамеша чунин ободу зебо ва тинҷу осуда бошад. Дар охир ҳамаро бо иди саиди фитр муборакбод мегӯям. 

НӮШИН

Шахсоне, ки ба ин зани маъюб дасти ёрӣ дароз карданиянд, метавонанд ба ин рақамҳо занг зада, бо Фазилат ҳамсуҳбат шаванд: 00-44-46-149 ва 00-28-88-017

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *