калкулятор

Гуфтани ҳақ гуноҳ аст?

Дар мағозае барои пардохти харид навбат мепоидам. Фурўшанда пас аз ҳисобу китоб аз калкулятораш сар бардошта, ба харидор гуфт: «Аз они шумо 130 сомонӣ шуд».

Аз қафои он харидор кўдаке, ки низ дар навбат меистод, садо баланд кард: хато ҳисоб кардед, аз они ин хола 122 сомонӣ мешавад!

Фурўшанда дубора ба ҳисобкунаки электронӣ рў овард ва ин дафъа дар экрани он воқеан 122 сомонӣ ҳосил шуд. Вай чизе нагуфта, бақияро баргардонида, он занро аз мағозааш гусел кард. Аммо, он писараки ҳушманд ба хазина наздик шуду ба бало монд. Ҳама «сифат»-ҳояшро фурўшанда бо забони омехтаи русиву тоҷикӣ бо ситеза як-як гуфта гузашт: маҳмадоно, густоху дағалу беодоб…

Чанд каси дигар аз харидорон фурўшандаро ба ҷояш «шинонданд».

Ба худ савол додам: чӣ замонаест, ки ҳақиқатпешагӣ сахттарин гуноҳ аст?!

Бобоҷон ҚУРБОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *