Гусфанддуздӣ дар Роғун

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.ки , бо гуноҳи рабудани 84 сар чорвои хурд чор сокинони шаҳри Роғунро боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздошти ин афрод дар пайи шикояти як сокини 57-солаи ноҳияи Варзоб сурат гирифтааст. Ӯ дар аризаи худ навиштааст, «8 октябри соли 2016, тахминан соати 20:00 шахсони номаълум пинҳонӣ аз заминҳои ҷамоати деҳоти Лигири шаҳри Роғун, 84 сар чорови хурдро, ки арзишашон 84000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд».

ВКД мегӯяд, нисбати дастгиршудаҳо, ки аз 19 то 40 сол доранд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *