Хайрулло Ҳайдаров:Артиши миллат худи миллат аст!

— “Хизмат дар артиш мояи ифтихор ва шарафи бузург аст”, “Артиши миллат — ин худи миллат аст”.

Ин ду иқтибос, ки яке ба Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре ба файласуфи фаронсавӣ Рише тааллуқ дорад, бояд мароми Артиши миллии Тоҷикистон ва ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ бошад,- мегӯяд полковники мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров, ки дар остонаи 23-юми феврал — Рӯзи Артиши миллӣ ба аёдати эшон рафтем.

Аз аскарӣ то афсарӣ

Номи Хайрулло Ҳайдаров дар доираҳои низомӣ ва сиёсии кишвар барои ҳамагон ошно аст. Роҳи тайкардаи Артиши миллии Тоҷикистонро кам касон чун ӯ медонанд, зеро аз замони таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар минҳайси афсари баландпоя дар сафи ҷузъу томҳои он қарор дошт. Номбурда ҳамчун афсари таҷрибадор узви Комиссияи оштии миллӣ буд ва дар халъи силоҳи гуруҳҳои муташаккил саҳм гузоштааст.

Хайрулло Ҳайдаров хатмкардаи шуъбаи иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии қишлоқи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) мебошад. Роҳи ӯ ба хизмати ҳарбӣ аз кафедраи ҳарбии ҳамин донишгоҳ оғоз шудааст: “Дар даврони Шӯравӣ таълиму тарбияи низомӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шуда буд. Аксари устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Ман ба гуфтору кирдори онҳо бо ҳавас менигаристам ва дар дил орзу мекардам, ки низомӣ бошам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Тақдири ман ба Артиши шӯравӣ пайваст…”.

Хайрулло Ҳайдаров аз 6-уми июни соли 1971 то 15-уми апрели соли 2002 аввал дар сафи Артиши Шӯравӣ ва баъдан дар сафи Артиши Тоҷикистон аз командири взвод, сардори шуъбаи молияи полк, дивизион дар шаҳри Мирнийи вилояти Читаи Русия, сардори шуъбаи молия ва буҷаи Комиссариати вилояти Кӯлоб, ҷонишини комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯшон, ёрдамчӣ, сардори шуъба ва Комиссари ҳарбии ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ), сардори раёсати ВМ ҶТ, ректори Донишкадаи ҳарбии ВМ ҶТ ва Вобастаи Низомии ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хизмат кард.

Хизмат қарзи ҳар ҷавон аст!

— Рафиқ полковник, шумо солҳо сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ будед. Чӣ боис мешуд, ки дар даврони Шӯравӣ ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мерафтанд?,- суол мекунам аз Хайрулло Ҳайдаров, зеро масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ имрӯзҳо хеле доғ аст.

— Ман на танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳои Кӯлобу Бадахшон низ кор кардам, бинобар ин, дар ин соҳа мутахассис ҳастам. Дар замони Шӯравӣ ҷавононро идеологияи боқувват ба Артиш ва дифои Ватан ҷалб мекард,- гуфт ӯ.

Хайрулло Ҳайдаров зимни суҳбат дар мавриди ҷалби наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар замони Шӯравӣ ҳарфҳоеро мегӯяд, ки имрӯз ба назари мо афсона менамояд.

— Вақте дар ноҳияи Рӯшон кор мекардам, ҷавонон аз ҷамоатҳои Совноб, Басид, Бартанг, деҳаҳои Хиҷез ва Хуф 100 км роҳро то маркази ноҳия пиёда тай карда, бе даъватнома меомаданд. Агар касал ё маъюб намебуд, қанд зану вайро ба хизмати ҳарбӣ нафирист, то Суди Олӣ шикоят мебурданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ чунин буд. Аз 3 то 3,5 ҳазор даъватшавандаро ба хизмат сафарбар мекардем,- ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо.

Чаро ҷавонон ба аскарӣ намераванд?

— Пас чаро имрӯз ҷавонон ба хизмати аскарӣ намераванд?,- мепурсам аз полковник Ҳайдаров.

— Барои он ки қонун риоя намешавад,- посух медиҳад ҳамсуҳбати мо ва боз даврони Шӯравиро ба ёд меорад.- Дар замони Шӯравӣ, дар як сол муддати 4 моҳ ҳар рӯз дар хонаи даъватшавандагон маърака буд. Ҷавононро бо рақсу суруду хурсандӣ ба аскарӣ гусел мекарданд. Ҳоло чӣ? Он замон мо бо раиси ноҳия, Комитети комсомол, сардори маорифи ноҳия, директорони мактабҳо, муаллимони таълими ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, собиқадорон, ветеранҳои қувваҳои мусалаҳ робита доштем. Ҳама якҷо, руҳи ватандӯстии ҷавононро боло бардошта, ҷавононро ба хизмат ҷалб мекардем. Ҳозир касе кор намекунад. Ҳамин аст, ки дар ин соҳа қонуншиканӣ зиёд аст.

Хайрулло Ҳайдаров мегӯяд, ки дар даврони Шӯравӣ агар писарҳо хизмати ҳарбиро иҷро намекарданд, духтарон онҳоро маслуқ гуфта, ба шавҳар намебаромаданд.

Хизмат нахоҳӣ, маблағашро деҳ!

Хайрулло Ҳайдаров яке аз он нафаронест, ки тағйироти Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ”-ро дастгирӣ мекунад.

“Ман қонунҳои уҳдадории ҳарбии Россия, Белорус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро хондам ва дар дастам дорам. Бо қонуни ҷумҳуриямон муқоиса кардам. Бовар кунед, имтиёзҳое, ки ба даъватшавандагон дар қисми 1, моддаи 21, моддаи 30 ва 31-и қонуни мо омадааст, дар ягон ҷумҳурии пасошӯравӣ нест. Фақат бояд ин қонун риоя шавад. Аммо афсӯс, ки қонуншиканӣ дар авҷ аст”,- мегӯяд ӯ.

Тибқи муқаррароти қонуни нав, нафароне, ки аз хизмати аскарӣ сарпечӣ мекунанд, бо пардохти маблағ аз он озод карда мешаванд. Инро низ Хайрулло Ҳайдаров дуруст мешуморад: “Шоҳи Фаронса Людовики ХV дар асри 18 гуфта буд: «Бо сабабе аз уҳдаи хизмати ҳарбӣ баромада натавонӣ, ақаллан бо пардохти ҳаққи хизмат онро ҷуброн кун”. Бинобар ин, моддаи қонун айни муддао ва бо забони имрӯза, демократист. Маблағҳои пардохтшуда барои тақвияти Қувваҳои мусаллаҳ истифода мешавад”.

Таъсиси Артиш қадами муҳим буд!

Чун дар арафаи 29-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарор дорем, аз Хайрулло Ҳайдаров дар мавриди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ пурсон шудем, зеро эшон шоҳиди он рӯзҳо ҳастанд.

“Агар мо тоҷикон Артиши миллии худро бо роҳбарии Пешвои миллат дар асоси фармони Раёсати Шӯрои Олӣ аз 18-уми декабри соли 1992 таъсис намедодем, ҳеҷ будем. Таърихи ҳазорсола доштанамон, қаҳрамонҳои бузурги гузаштаамон ба мо кумак намекард, зеро давлате, ки Артиш надорад, суботу якпорчагиаш кафолат надорад”.

Хайрулло Ҳайдаров мегӯяд, ки дар солҳои 90-ум, дар замоне, ки якпорчагии Тоҷикистон зери суол буд, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон хеле душвор буд: “Дар он рӯзҳои бисёр мушкил ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомӣ ягон замина мавҷуд набуд. 10-уми ноябри соли 1993 мо — сардорони фронти халқиро, ки бештар аз 10 нафар будем, ба Ситоди дивизияи 201-ум даъват карданд. Бо ширкати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт раиси Шӯрои Олӣ буданд, ҷонишини аввали раиси Совети вазирон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва як гуруҳ афсарон ҷаласае баргузор шуд. Маҷлисро Сарвари давлат ҳусни оғоз бахшида, зарурати таъсиси Қувваҳои мусаллаҳро дар Тоҷикистон тавзеҳ дод ва эълон кард, ки Тоҷикистон соҳиби Артиши миллӣ хоҳад шуд. Дар охири суҳбат Пешвои миллат вазири мудофиа ва муовинонашро аз миёни афсарон пешниҳод карданд. Мо аз ин ташаббус ниҳоят хурсанд будем ва аз пайи вазифаҳои дарпешистода шудем.

Аз он ки мо аввалин хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон — Артиши миллии Тоҷикистон шудем, бо вуҷуди он ки вазъи кишвар ваҳим буд, руҳбаланд шудем. Ҳамин тавр, амалиёти мо низ оғоз шуд.

Рӯзи 11-уми январи соли 1993 маркази ноҳияи Обигарм ва рӯзи 12-ум шаҳраки Роғунро, ки имрӯз яке аз марказҳои стратегии кишвари мост, аз дасти яроқбадастон озод кардем. Он қадар ғоратгарӣ ва  бедодгарие, ки ин нафарон дар ин маҳалҳо карда буданд, бо чашми худ дидем. Махсусан, дар шаҳраки Роғун, ки бештар русзабонҳо истиқомат мекарданд ва аз дасти ин ҷоҳилон ба дод омада буданд, моро бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд.

Ҳамон бегоҳ ман ба ноҳияи Рӯдакӣ омадам ва бо ёрии раиси ноҳия А. Ф. Шарипов то саҳар дар заводи нон қариб 4 тонна нони хлеб тайёр карда ва рӯзи дигар ба Роғун бурда, ба мардум тақсим кардем. Баъди 10 моҳи кашмокашиҳо мардум боварӣ ҳосил карданд, ки Ҳукумати қонунии конститутсионӣ барқарор шудааст. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 расман Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин рӯз барои ман ва дигар афсарон рӯзи хотирмон аст, зеро рӯзи ташкилшавии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР аст, ки аввал 11-15-уми январи соли 1918 бо қарори Шӯрои комиссарҳои халқӣ Артиши сурхи коргару деҳқон ва аз соли 1946 расман Артиши Советӣ ном гирифт, ки ман дар ҳайати он 21 сол хизмат кардаам”.

Ифтихор

Барои Хайрулло Ҳайдаров 23-юми феврал ҷашни муқаддас аст, зеро ӯ талошу ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои низомиёнро барои барқарор кардани сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии хоки Тоҷикистон хуб медонад: “Бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бо нангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва Ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуд. То имрӯз, дар давоми 29 сол афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд”.

Имрӯзҳо полковники мустаъфии Вазорати мудофиа Хайрулло Ҳайдаров дар ҳалқаи наберагону фарзандон рӯзгори осоишта дорад: “Фахр мекунам, ки 30 соли ҳаётамро дар хизмати ҳарбӣ гузаронидам. Дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ ва Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок кардам. Барои миллатам хизмат кардам. Худо худаш шоҳид, ки дар зеҳнам ҷуз хизмати содиқона ба Ватан, фикри дигаре надоштам”.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *