Харбуза – кафолати ҷавонӣ!

Харбуза барои шахсоне, ки ба намуди зоҳирии худ таваҷҷуҳ доранд, беҳтарин даво ба ҳисоб меравад, зеро дар таркиби он кремнийҳо мавҷуданд. Ин микроэлементҳо ҳолати пӯстро беҳтар намуда, оҷингҳои рӯй ва доначаҳои рихинакро бартараф мекунанд.

Инчунин, дар таркиби харбуза моддаи «инозит»-ро ошкор намудаанд, ки он мӯйи сарро пурқувват ва пурҷило менамояд. Шахсоне, ки мехоҳанд ҷавониашон тӯлонӣ бошад, бояд аз харбуза бештар истеъмол намоянд.

Далел

Олимони Кореяи Ҷанубӣ аз меваи харбуза моддаи «ликопин»-ро ҷудо намудаанд, ки ин модда ҷараёни пиршавиро нигоҳ дошта, омоси манфии мағзи сарро бартараф менамояд.

Харбуза қобилияти аз организм берун намудани моеи зиёдатиро дорад ва ин маънои онро дорад, ки бо «селюлит» ва такшиншавии чарб мубориза мебарад.

Олимон харбузаро барои «стресс» давои хуб медонанд. Ин аз он ферменти таркибие вобаста аст, ки диққатнокиро зиёд намуда, хастагиву хашмгинӣ ва мушкилиҳои бехобиро бартараф менамояд. Инчунин, дар харбуза моддае мавҷуд аст, ки ҳормони хушбахтӣ, яъне «серотонин» ҳосил менамояд.

Барои кӣ истеъмоли харбуза мумкин нест?

Дар таркиби харбуза қанди зиёд мавҷуд аст ва аз ин сабаб ба беморони диабети қанд истеъмол намудани он тавсия дода намешавад. Аз меъёр зиёд истеъмол намудани харбуза ба вайроншавии кори меъда оварда мерасонад.

Тавсия

 — Пӯчоқи харбуза барои табобати лат ва ҷои харошида истифода мешавад.

— Ҷои мулоими харбуза барои ниқоби рӯй хуб аст. Онро қимма намуда, ба муддати 10-15 дақиқа тунук ба рӯй гузоред.

— Тухми харбуза аз рӯи баъзе ақидаҳо «патенсия»-ро зиёд менамояд. Бо ин мақсад тухми хушкшудаи онро кӯфтаву хока карда, ба миқдори як қошуқчаи чойнӯшӣ дар як рӯз се маротиба истеъмол намоед.

Интихоби дуруст

— Харбузаи пухта расида ҳама вақт бӯйи хуш дорад ва вазнинтар аст. Аз ин сабаб пеш аз харидан онро бӯй кашед. Дар хотир дошта бошед, ки дар ҳарорати бештари гармии ҳаво бӯйи хуши харбуза низ зиёд мешавад. Барои он ки хато накунед, харбузаро дар ҳавои гарм харидорӣ намоед.

— Ҳангоми харбузаро бо ангушт задан садои паст дорад.

— Думчаи харбузаи пухтагӣ хушкшудатар буда, қисми нӯги болои он тунуктар мешавад. Ҳар қадаре, ки пӯсти харбуза тунук бошад, ҳамон қадар он пухта расидааст.

Далели аҷиб

Харбузаро кӣ ба “суд” дод?

Шоҳи Фаронса Генрих IV харбузаро ба суд дода буд. Ин аз он сабаб буд, ки шоҳ дар яке аз маъракаҳо харбузаро истеъмол намуда, дарунрав мешавад. Зеро ӯ аз хӯрдани чунин меваи биҳиштӣ худдорӣ карда натавониста буд. Дар натиҷа харбузаро барои «таҳқир намудани меъдаи шоҳ» гунаҳгор ҳисобида, дар яке аз майдонҳои шаҳри Париж ба он «лаънат» хонданд.

С. МУРОДОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *