Хатлон: Нуҳ ҳолати фавти занони ҳомила дар панҷ моҳ

Дар панҷ моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон 9 ҳолати фавти занони ҳомила сабт шудааст. Мутаассифона, фавти модар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.

Гулбаҳор Зарипова, директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки фавти занони ҳомила дар ҳамин давраи соли гузашта ҳашт ҳолат буд. Ӯ мегӯяд, ки имсол як ҳолат зиёд шудааст. Ба гуфти мавсуф, фавти модар дар ноҳияҳои Вахш 1 ҳолат, Кӯшониён 2 ҳолат, Абдураҳмони Ҷомӣ 1 ҳолат, Панҷ 1 ҳолат, Данғара 1 ҳолат, Ховалинг 1 ҳолат, Фархор 1 ҳолат ва дар ноҳияи Носири Хусрав 1 ҳолат мебошад.

— Барои фавти занони ҳомила ду нафар шахсони масъул, директори Маркази солимии репродуктивии ноҳияи Кӯшониён ва мудири шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор аз кор озод карда шуданд,- афзуд ӯ.

Гулбаҳор Зарипова мегӯяд, ки назар ба солҳои гузашта зоиши хонагӣ хеле коҳиш ёфтааст. Ӯ гуфт, ки дар панҷ моҳи соли 2021-ум беш аз 900 зоиши хонагӣ сабт шуда буд. Аммо давоми соли 2022 ба 694 ҳолат паст фаромад.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.