Дилноза Ахмадзода

Хизматчиёни давлатии тоҷик ба Ҷопон мераванд (аудио)

Соли 2023 хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил хоҳанд кард. Дар ин бора Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Соли равон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон амалӣ мегардад, ки имсол ду бонки давлатӣ- БДА «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» дар қатори 65 мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо шомили лоиҳа шудаанд. Ин ду бонк имкон доранд кормандонро барои таҳсил ба Ҷопон фиристанд.

Вобаста ба амалӣ гардидани ин лоиҳа имрӯз миёни масъулон ва шарикон, инчунин кормандони «Саноатсодиротбонк» ҳамоиш доир шуд.

Дилноза Аҳмадзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон зимни ҳамоиш иброз дошт, ки ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордод миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон сафарбар гардиданд.

То ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Ҷопон хатм намуда, 32 нафари онҳо ҳоло таҳсилро идома дода истодаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.