Хизмати ҳарбӣ. Панҷ пешниҳод барои рафъи мушкилот

Ҳамасола дар арафаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар кишвар як масъала доғ мешавад: саркашӣ кардани ҷавонон аз хизмат. Гӯё ин мушкил ҳалнашаванда бошад…

Мушкили куҳна

Айни замон дар ноҳияҳо, тамоми ташкилоту муассисаҳо, директорони мактабҳо дар назди раис даъват мешаванд, ки дар он як масъала барассӣ мешавад: Даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар!

Аксари фарзандони мардум дар давраи даъвати тирамоҳию баҳорӣ ба муҳоҷират мераванд ё дар хонаҳояшон пинҳон мешаванд, ки ин нигаронкунанда аст. Ё бисёре аз падару модарон ба фарзандонашон билети ҳарбии қалбакӣ ё ҳуҷҷати корношоямӣ мегиранд ва ба ин васила мехоҳанд фарзандашонро аз хизмат озод кунанд.

Ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир дар кишвар “облава” авҷ мегирад. Ҳатто хабарҳоеро ҳам мехонем, ки дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо падару модароне, ки фарзандонашон дар муҳоҷиратанд, ба ҳабс ҳам гирифта мешаванд ё мавриди фишор қарор мегиранд. Ин тартибот боиси норозигии шаҳрвандон мегардад.

Банда бар он ақида ҳастам, ки хизмати ҳарбӣ дар асоси талаботи қонун сурат бигирад. Яъне, шаҳрвандон масъулияти ҳарбии худро содиқона ба ҷо биёранд ва мақомот низ барои ҷалби наваскарон аз усули “облава” истифода накунанд.

Пул роҳи ҳал нест…

Дар Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти қонун нафароне, ки хизмат кардан намехоҳанд, ба хизмати алтернативӣ ҷалб карда мешаванд, яъне пул пардохт карда, аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд. Вале ин роҳи ҳал нест. Зеро боз ҳамон фарзандони вазифадорону пулдорон аз хизмат озод шуда, соҳиби вазифа мегарданд. Вале бачаи камбағал чунин имкониятро надорад.

Мушкили дигари ин соҳа набудани тарғибот аст. Чаро дар замони шӯравӣ ҷавонон хизмати ҳарбиро орзу мекарданд ва ба худ шараф медонистанд. Ҳоло бошад, аз ҳимояи марзу буми ватан сарпечӣ мекунанд. Айб аст! Айб аст, ки як ҷавон аз хизмат гурезад! Бинобар ин, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон бояд талош кард. Ин вазифаи ниҳодҳои идеологӣ аст.

Чӣ бояд кард?

Банда барои рафъи ин мушкилӣ чанд пешниҳод дорам. Аз ҷумла:

1. Ҷавонони солиме, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, ба онҳо иҷозати издивоҷ, яъне хонадоршавиро надиҳанд.

2. Ба нафароне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, вазифаи давлатӣ дода нашавад.

3. Ба ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, иҷозати сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ дода нашвад.

4. Хизмати ҳарбӣ яксола карда шавад. (Дар давлати ҳамсояи Ӯзбекистон хизмат яксола буда, барои хизмат кардан ҷавонон дар навбат меистанд).

5. Ба мисли давраи шӯравӣ, комиссияи ҳарбии тиббӣ фақат дар пойтахт амал кунад. (Ин метавонад барои гирифтани пеши роҳи ба воситаи фиребу найранг ба даст овардани ҳуҷҷати тиббии корношоямӣ мусоидат кунад).

Бовар дорам, ки пешниҳодоти банда барои рафъи мушкилот мусоидат мекунанд.

И. САФАРАЛИЕВ, собиқадори меҳнат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *