Ислоҳоти маориф: Илмҳое заруранд, ки андешаро бедор кунанд

Мунтазам таҷдиди назар кардани сохтори омӯзиш ва таъйиноти илм заминаи аслии таҳаввулоти давлатҳое шудааст, ки имрӯз пешрафтҳои азим доранд.

Кишварҳои аврупоӣ ҳанӯз дар қарни XVIII идеяи парастиши хирадро ба мабнои илму ҳунари рӯ ба инсон асоси дигаргуниҳо қарор дода, тавассути ақлгароӣ тавонистанд марҳила ба марҳила сохтор ва мазмуни давлатдориҳояшонро тағйир бидиҳанд. Дар Шарқ идеяи реконструксияи ҷомеа бар асоси мудернсозии илму маърифат ба аллома Иқбол тааллуқ гирифт. Яқин аст, ки Иқбол низ ғояҳои таҷаддудии хешро бар асари таъсир аз пешрафтҳои илмиву амалии Аврупо ҳосил кард. Дар Бухоро алломаи дигаре бо исми Аҳмади Дониш (ин кас ҳам баъди се сафараш ба Русия) як барномаи рушди ҷомеа ва давлатро матраҳ сохт ва таъкид мекард, ки аввалқадам ислоҳот боистӣ аз тағйир додани низоми таҳсил шуруъ шавад. Вақте ки ҳама ибтикороташ дар дарбори Бухоро пазириш наёфт, дар “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мағнития” хулоса кард: “Аморат бар сабили адл хилофат аст ва агар бар сабили зулм бувад, бевосита хилофати иблис алайҳи-л-лаъна аст…”.

Ин ҳама аз таърих аст ва ба иттифоқи назари ҷумла бузургон, таърих беҳтарин омӯзгор дар шумор аст. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки амалан ва мазмунан марҳилаи маорифпарвариро пушти сар мекунад, вобаста ба мухтассоти  рушди ҷомеа, таркиби сифатии мафкураи қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон, низоми таълим аз поин то ба боло ниёз ба дигаргунсозиҳо ва чунон ки дар Паёми Сарвари давлат зикр шуд, ба ислоҳоти ҷиддӣ пайдо кардааст. Муҳимтарин санаде, ки чунин тағйиротро тақозо мекунад, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки тарроҳони он аз се сенарияи рушд — инерсионӣ, индустриалӣ ва индустриалию инноватсионӣ охиринашро интихоб кардаанд. Принсипи инноватсионӣ маънои рушд дар асоси навгониҳоро дорад, ки он бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, махсусан дар низоми иқтисоди миллӣ ва илму маорифу ҷавонон беҳтар ва муассиртар ҷорӣ шавад.

Маҳз бо назардошти он ки аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил мекунанд, низоми омӯзишро маҳз барои онҳо ва ба хотири таъмини ояндаи неки онҳо дигар бояд кард ва тағйир бояд дод. Ояндаи неки Тоҷикистон дар тӯли 30 ё 50 соли баъдӣ аз он вобаста аст, ки имрӯз ба ин қишр чӣ фанҳое таълим дода мешавад ва онҳо чӣ гуна тадрис мешаванд.

Ин масъала аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки дар заминаи ҷаҳонишавӣ ва паҳн шудани унсурҳои номутаносиби фарҳанги оммавӣ деградатсияи ахлоқии ҷавонон дар аксар кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ шиддат гирифтааст: эҳсоси халои руҳиву равонӣ, адами умеди рушд, ҳисси муваққатӣ будани ҳаводиси рўзгор ва бемаънӣ будани ҳаёт руҳияи аксар ҷавононро фаро гирифта, психологияи истеъмолӣ, нигилизми ҳуқуқӣ, сарфи назар шудани меъёрҳои ахлоқӣ мамлакатҳоро ба ташвиш овардааст. Таснифоти маъруфи эҳтиёҷоте, ки ба мутафаккири амрикоӣ А. Маслоу (дар китобаш бо унвони “Мотиватсия ва шахсият”) нисбат дорад, гўиё аз ҷониби аксар ҷавонон ба таври баръакс фаҳму дарк мешавад. Ҳол он ки, ин тасниф ниҳоятдараҷа арзиши баланди илмӣ дорад. Тибқи ин тасниф эҳтиёҷоти инсонӣ панҷ зина дорад, ки зинаи аввали он эҳтиёҷоти физиологӣ буда, ғизову фароғат ва манзилро дар назар дорад. Зинаи баъдӣ эҳтиёҷ ба амният ва ҳимоят аз зўроварию таҳдидҳост. Зинаи савум эҳтиёҷ ба муомилот ва муҳаббат, зинаи аз ин баъд эҳтиёҷ ба эҳтиром (ба эътироф ва эътибори баланд) ва ниҳоятан, зинаи охир эҳтиёҷ ба худро дар ҷомеа маълум кардан ва худтасдиқкунӣ мебошад.

Он чизе, ки ҳоло нафратро дар қалбу руҳи аксар аъзои ҷомеа бедор мекунад, вазъи носолими ҷавононест, ки ба баъзе падидаҳои манфури фарҳанги оммавии бегонабунёд гаравида, аз хулқу рафтор ва расму одоти таърихии миллӣ сар мепечанд, маънавиёти асилро ба моддиёт тарҷеҳ медиҳанд, ба оилаву хонавода, ки пояи асосии назми иҷтимоӣ ва маҳди гиромии ахлоқ аст, хунукназарӣ мекунанд, муҳаббатро, ки бузургони пешини мо ниёзи руҳоният ва қуллаи ахлоқ маънидод мекарданд, василаи сабқати шаҳватронӣ меҳисобанд. Сабаби аслӣ ин аст, ки дар аксар кишварҳое, ки мехоҳанд нуфузашон ба мамолики дигар соя дошта бошад, ба ахлоқу маънавият, ки руҳи инсониро устувор нигоҳ медорад, аз равзанаи манофеи моддӣ менигаранд ва онро василае барои пешрафт дар корҳои худ медонанд.

 Албатта, дар замони мо, ки ҳеҷ миллату қавме наметавонад аз оқибатҳои ҷаҳонишавӣ дар амон бошад, шояд стратегияе барои ҷавонон лозим бошад, ки хусусияти муҳофизатӣ дошта бошад. Стратегия ё амалкарди барномавие лозим, ки барои ҳифзи ахлоқи миллӣ ва менталитети хоси тоҷикона ва махсус барои насли ҷавон хидмат кунад. Ин санад ё таҳқиқи бунёдӣ боистӣ, ки таҷрибаи ҳаётро фаро гирад, беҳтарин анъанаҳо ва маводи тарбиятии ниёгонро дар қиёс бо матолиби нафъовари андешаи ғарбӣ синтез карда бошад. Маорифпарварони Аврупо қабл аз он ки инқилоби фикрие ба вуҷуд биёранд, идеяҳои ҷадидро кашф мекарданд. Сухани Волтер — сарвари марифпарварони Аврупо буд бад-ин маънӣ: дунёро идеяҳои нав метавонанд тағйир бидиҳанд. Пайравони ў Дидро ва д‘Аламбер дар нахустин нашри «Энсиклопедия» навишта буданд: «Риояи қонунҳо, ҳифзи озодиҳо ва муҳаббат ба ватан — ҳаминҳоянд сарчашмаи кирдор ва рафторҳои бузург. Инҳо кафолати саодати халқҳо ва ҳокимони онҳост».

Гап сари ин аст, ки маҳз улуми инсонгароӣ — таърих, адабиёт, ахлоқ, эстетика, санъат, фарҳанг ва аносири он — забон, осор, ойину русуму одот, завқу салиқаи ҳунарӣ, арзишҳо, идеалҳо, хислатҳои олии зеҳнию адабию ахлоқӣ ва ғайра асосҳои одамиятро дар инсон ташаккул медиҳанд ва ба вусъати назари ҷаҳоншиносӣ боис мешаванд. Тарбияти руҳи тавоно ва сиҳати афкор — ҳамин аст ду ҳадафе, ки барои идома ва бақои ҳар миллату қавм ҷиҳати парвариши насли ҷавонаш зарурат дорад. Марҳилаи худшиносии инсон, ки масъалаи калидии ҳар илми инсоншиносист, маҳз дар наврасӣ оғоз ёфта, дар синни ҷавонӣ аллакай ба ҳар навъе ташаккул меёбад. Худҷўиву худрасии инсон, ки аз синни балоғат ибтидо мегирад, анҷому интиҳое надорад.

Ҳақ ба ҷониби мутафаккири варзида Николай Бердяев аст, ки мегўяд: “Инсон сиррест дар ин дунё, шояд бузургтарин муаммои ҳастӣ бошад. Инсон на ҳамчун ҳайвон асрорангез аст, балки ҳамчун махлуқи иҷтимоӣ, на ҳамчун ҷузъи табиату ҷамъият, балки ҳамчун шахсият. Тамоми ҷаҳон дар қиёс бо шахсияти инсонӣ арзише надорад. Инсон ҳолати назъро пушти сар мекунад, мехоҳад бифаҳмад, ки аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад. Ҳанўз дар Юнони бостон инсон хост худро дарк кунад, бишносад ва дар ҳамин пояи худшиносӣ муаммои ҳастиро ба мушоҳида гирифт ва онро манбаи фаҳму дарки фалсафии хеш қарор дод. Инсон метавонад хешро аз болову поин, аз рўшании худ, аз мабдаи яздонӣ ва торикии хеш дарк кунад. Ин корро барои он метавонад, ки ў мавҷуди пурихтилоф аст, нимаҳайвону нимахудост, баланду паст аст, озоду ғулом аст, қодир ба парвози баланд ва шикасту таназзул, қодир ба муҳаббати бузург ва ҷонфидоӣ, ҳамчунин қодир ба бераҳмиҳои бузург ва эгоизми беҳудуд аст. Инсон шахсият на аз табиат, балки аз руҳ аст. Аз табиат ў танҳо фард, индивидиум аст, шахсият бошад, микрокосм, универсиуми тамом аст”.

 Ҳамин тавр, дар масъалаи таъиноти инсон ва кўшишҳои фаровони аҳли таҳқиқ дар боби худшиносӣ садҳо назарияҳо рўи кор омада бошад ҳам, ҳанўз ҷустуҷўи ин масъала идома дорад.

Акнун меоем сари он масъала, ки чӣ бояд кард ва таълими кадом илмҳоро дар шароити феълии Тоҷикистон ба роҳ монд, то ки тафаккури ҷавонон пешрафта ва ба манофеи худиву миллат асосёфта бошад. Ҳоло дар макотиби олии Тоҷикистон як силсила илмҳое тадрис мешаванд, ки гӯиё ба ҳамин ҳадаф нигаронида шудаанд, аз қабили ҷомеашиносӣ, таърихи фалсафа, консепсияи табиатшиносии муосир, ҳуқуқ, фарҳанг ва дин, география ва ғайра. Ба зарур будани ин улум шояд шубҳа набошад, аммо чаро баъди хатми муассисаи олии таълимӣ ва азхуд кардани ин илмҳо тафаккури ҷавонон рушд намекунад? Чаро ҷавоне, ки чор солу  панҷ сол ин илмҳоро таҳсил мекунад, аз одитарин амалиёти фикрӣ — фарқ кардани неку бади падидаҳои олами вақоеъ бебаҳра мемонад?

Посух гуногун аст, аммо яқин аст, ки омӯзиши ин илмҳо судбахшу фоидаовар нест, чунки система надоранд. Алоқаи байниҳамдигарии ин фанҳо нест, тарзи таълимашон сатҳӣ ва ба хотири иҷрои барномаҳои таълимист. Бинед, аз омӯзиши “Таърихи фалсафа” танҳо ба хотири ҷавонон номи донишмандон ва мазмуни мухтасари чанде осори фалсафӣ мемонаду халос, чунки на худи фалсафа ва матнҳои ниҳоят лозими фалсафӣ, балки таърихи он дарс дода мешавад. Омӯзиши ҷомеашиносӣ то он дам манфиат надорад, ки назарпурсиҳо ва пажуҳишҳои мунтазами сотсиологӣ гузаронида нашаванд. Агар натиҷаи назарпурсиҳо нест, пас, ин илм чиро ҳамчун объекти таълим қарор медиҳад? Чиҳоро хулоса мекунад?

Илми ҳуқуқ, ки дар курсҳои якуми донишгоҳҳо таълим дода мешавад, асосан аз он иборат аст, ки кадом соҳаи ҳуқуқ чиҳоро меомӯзад… Ончунон махлут дарс дода мешавад, ки дониши лозим аз он гирифтан барои рушди мафкура ниҳоят душвор аст. Ё боиси ҳайрат аст, ки дарси тарбияи ҷисмонӣ чаро вақти қиммати донишҷӯро дар як давраи ҳассоси умраш беҳуда мегирад… Магар дар нимаи рӯз ба тарбияи бадан машғул шудан асоси илмӣ дорад? Ё чаро географияро ҳатман дар соли аввал дар факултаҳои гуманитарӣ таълим медиҳанд? Чӣ эҳтиёҷе ҳаст ба ин илме, ки онро метавон мустақилона фаро гирифт…

Ба назари банда, ба ҷойи ин илмҳо низоми фанҳоеро бояд ҷорӣ кард, ки ба шакл гирифтани тафаккури таҳлилии ҷавонон мусоидат кунанд. Кӯшиш мекунем, ки мухтасар ва бидуни шарҳи иловагӣ чанде аз онҳоро ном бубарем.

Аввалин иқдом бояд аз суоли “инсон кист ва маънои ҳаёташ чист?” шуруъ шавад, ки ба ин суол аз ҳама хубтар илме бо номи “Антропологияи фалсафӣ” посух гуфта метавонад. Илми антропология бояд дар соли аввал дар макотиби олӣ таълим дода шавад, то ки равзанаи мафкураи ҷавонон ба маърифати олами ашё боз шавад.

Баъдан тадриси илме зарур аст, ки онро метавон “Фалсафаи тафаккур” ё “Ҳикмати андеша” ном гузошт. Бунёди ин илмро бояд таҳқиқи табиати инсон, тафовути он аз дигар махлуқот, ахлоқу арзишҳои одамӣ, ҳадаф ва мазмуни ҳаёти инсон, проблемаҳои маърифати инсон ташкил диҳад. Таҷриба гувоҳ аст, ки на мантиқ, на равоншиносӣ ва на илме дигар масъалаи тафаккурро ҳамчун навъи фаъолияти одамӣ бо ҳама вусъату шебу фарозаш ба таҳқиқ намегирад. Зимни омӯзиши ин илм ҷавонон аз вижагиҳои андеша ва сохтори он, навъу қобилиятҳои он ва ниҳоятан — фикри солим ҳамчун ҳастаи меъёрии тафаккур ошно хоҳанд шуд. Натиҷаи тафаккури солим аст, ки инсон қарорҳои дуруст ва хулосаҳои беғалат мебарорад. Ончунон ки тандурустӣ барои фаъолияти пурбаракат зарур аст, ҳамон гуна солимандешӣ барои тафаккури ҳамаҷониба фаъол лозим мебошад. Беҳуда намегӯянд, ки ҳар қадар беҳтар фикр кунем, ҳамон гуна беҳтар зиндагӣ хоҳем кард. Беҳтар фикр кардан маънои мувозинати мантиқу фаросатро риоя кардан ва идора кардани маҷрои андешаро дорад. 

Дигар илме, ки лузуми бениҳоят дорад, “Равоншиносии шахсият” аст. Ин илм масъалаҳои бунёдиеро меомӯзад, ки ба фаҳму дарки шахсият оварда мерасонанд. Махсусан як шохаи муҳими он — персонология (шахсиятшиносӣ) аҳамият дорад. Омӯзиши илми мазкур имкон медиҳад, ки чӣ хулқу атвор доштан ва кӣ будани шахсият аз нигоҳи равоншиносӣ мушаххас карда шавад.

Ҳоло фаннеро ҷорӣ кардаанд, ки “Фарҳанг ва дин” ном дорад. Номи ин фан мантиқ надорад, чунки дин ҷузъи таркибии ҳар фарҳангест. Паҳлуи ҳам гузоштани ин ду мафҳум (фарҳанг ва дин) аз булаҷабиҳои замони мост. Беҳтар мебуд илме бо номи “Фарҳанги миллӣ” (ё “Таърих ва имрӯзи фарҳанги миллӣ”) мавриди омӯзиш дар макотиби олӣ қарор дошта бошад, ба шарте ки дар таркиби он ҳама аносири фарҳанг — забон, осори навишторӣ, завқу салиқаи ҳунарӣ, хусусиятҳои ахлоқӣ, дину ойинҳо, асотир мутаносибан фаро гирифта шаванд.

Баъдан ими “Ахлоқ”-ро аз соли аввал то ниҳояти таҳсил (то соли ахири таҳсил) бояд тадрис кард. Асоси онро ҷузъ ба ҷузъ омӯхтани ҳама анвои ахлоқ, чӣ шарқиву чӣ ғарбӣ, бояд ташкил бидиҳад.

Фанни “Адабиёти ҷаҳон” низ бояд аз имтиёзоти фарохе бархӯрдор бошад, зеро ҳама анвои фарҳангу тамаддун, бозтоби марҳалаҳои таърихи башарият, рушди тафаккури инсонӣ дар омӯзаҳои ин илм мавқеи барҷаста доранд. Ба қавли дигар, адабиёти ҷаҳон, агар марҳила ба марҳила, ҳадди ақал то соли сеюми таҳсил омӯзонида шавад, дидгоҳи ҷавононро ба оламу одам ва шавқу завқи онҳоро ба маърифати ҳастӣ (аз тариқи осори ҳунарӣ) хеле густарда хоҳад кард.

Дигар илме, ки омӯхтанаш дар ҳоли ҳозир ногузир менамояд, “Арзишшиносӣ” мебошад. То чӣ андоза муҳим будани ин илм аз номаш ҳувайдост. Ҷавони имрӯза бояд донад, ки кадом арзишҳо моли аслии миллат ва кадоме баргирифта аз дигар фарҳангу тамаддунҳост.

Ниҳоят, барои беҳтару хубтар ва жарфтар равона кардани таваҷҷуҳи ҷавонон ба вижагиҳои давлати миллӣ омӯзиши фанни алоҳидае бо номи “Асосҳои давлатдории миллӣ” зарурат дорад. Як ҷузъи ин илм бояд ба фаҳму дарки идеяи миллӣ махсус гардонида шавад.

Ин буд чанд мулоҳизае, ки ба ислоҳоти таълим дар макотиби олии Тоҷикистон дахл дошт. Ҳадаф аз баёни ин мулоҳизот як чиз аст: дар шароити феълӣ илмҳое ба таълиму омӯзиш ниёз доранд, ки ҳамагӣ ба устувор сохтани давлати миллӣ ва рушди тафаккури таҳлилии ҷавонон мусоидат мекунанд.

Ҳафиз РАҲМОН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.