Истаравшан: Нахустин хати истеҳсоли ранг ба фаъолият шуруъ мекунад

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо намояндагони ширкати истеҳсолии “Гуруҳи саноатии “МУҚАРРАР”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, зимни мулоқот раиси шаҳр оид ба вазъи иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, қувваи корӣ, имтиёзҳои андозбандӣ дар рушди соҳаи саноат ва дигар масъалаҳои марбута ба меҳмонон иттилоъ додааст.

Сипас, Ҳамидризо Хандон Боронӣ — мудири содирот ва Сайид Носир Яъқубӣ — мудири воҳиди бозаргонии ширкати истеҳсолии “Гуруҳи саноатии “МУҚАРРАР” вобаста ба самти фаъолияти истеҳсолии ширкат, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, фарогирии маҷмуи бозорҳои истеъмолӣ, фаъолияти намояндагии ширкат дар дигар кишварҳо маълумот пешниҳод карда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ҳавасмандии хешро иброз доштаанд.

— Мавриди тазаккур аст, ки алҳол ширкати ватании ҶДММ “Шарафи рӯз” дар ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолии “Гуруҳи саноатии “МУҚАРРАР”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барои истеҳсоли рангҳо ҳамкориро оғоз карда, нахустин хати истеҳсоли ранг дар шаҳри Истаравшан рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ менамояд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.