Изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ маҳкум карда шуд (аудио)

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шадидан маҳкум кард.

— 16-уми сентябри соли 2022 дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б. Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот дод. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти мазкурро шадидан маҳкум мекунад,- омадааст дар изҳороти вазорат.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки изҳороти Б. Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад.

— Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.