Кӣ манфиатдор? Аз камчинӣ то болоравии нархи газ

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз боло рафт. Як литр газ аз 6 сомонии як ҳафта пеш ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7 сомонӣ ҳам гузашт. Ин омил ба арзиши роҳкиро аз Душанбе ба минтақаҳои дигар таъсир расонд. Зеро бештар аз 70 фоизи мошинҳои сабукрав барои камхарҷ будан, бо гази моеъ мегарданд.

Мусофирон дар азобу ронандагон нигарон

Мусофирон шиква доранд, ки ҳоло тақрибан 10-15 фоиз нархи роҳкиро боло рафтааст. Нуралӣ мусофирест, ки ҳамарӯза аз нақлиёти мусофирбар истифода мебарад. Номбурда ҳар рӯз аз шаҳри Турсунзода ба Душанбе ба кор меояд. Ӯ мегӯяд, ки агар як ҳафта пеш роҳкиро 20-25 сомонӣ буд, имрӯз ба 30 сомонӣ расидааст. Зеро ронандагон бо далели болоравии нархи газ роҳкироро боло бурдаанд.

Ҳоло дар кишвар як литр гази моеъ вобаста ба минтақаҳо аз 7 то 8 сомонӣ арзиш дорад. Чаҳор рӯз қабл имкон дошт, ки як литри онро 6,2- 6,5 сомонӣ пур кунанд.

Хабарнигори “Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар ҳам мегӯяд, ки нархи 1 литр гази моеъ дар матониқи вилояти Хатлон ба 8 сомонӣ расидааст.

Аммо дар шаҳри Хуҷанд нархи газ қариб бетағйир мондааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ронандагон 1 литр гази моеъро бо қимати 6,30-6,50 сомонӣ харидорӣ мекунанд. Аҷиб, дар Душанбе гарон, дар Бохтар гаронтар, дар Хуҷанд арзиши газ бетағйир.

Хушбахтона, дар пайи қимати газ роҳкиро дар таксиву автобусҳои хатсайри байнишаҳрӣ то ҳол боло нарафтааст.

Имрӯз ронандагон мегӯянд, ки на танҳо болоравии нарх, балки камбуди маводи сӯхт низ мушоҳида мешавад. Дар бархе аз нуқтаҳои сӯзишворӣ мо мушоҳида кардем, ки лавҳаи «газ нест» овезон аст.

Воқеан ҳам, тайи чор — панҷ рӯзи охир фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе ва ҳатто дар Бохтар низ тамоман қатъ шуда буд.

Аз воридот то маҳдудият

Хабарнигори “Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки дар баъзе ҷодаҳои Бохтар ҳамагӣ чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвории газ мавҷуд буд. Он ҳам ба миқдори маҳдуд фурӯхта мешавад. Масалан, дар баъзе минтақаҳо ба ҳар як ронанда на бештар аз 20 литр мефурӯшанд, то ки барои ҳар як нафари дар навбат истода газ расад. Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки болоравии қимати гази моеъ ба ҳаҷми харидорӣ ва интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад, ҳарчанд дар бораи ҳаҷм рақами мушаххас гуфта натавонистанд.

Ба гуфтаи яке аз мудирони нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ, аксари ширкатҳои яклухтфурӯш ба далели арзон номусоид будан, аз интиқоли гази моеъ ба ширкатҳои чакана даст кашидаанд.

Таври маълум, Тоҷикистон маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, ширкатҳои «Газпром», «Сеганҷ», «Газойл», «Суғднефт», «Роҳи Сомон» мавқеи калидӣ доранд. Тоҷикистон 90 дарсад гази моеъи мавриди ниёзи худро аз тариқи роҳи оҳан аз Қазоқистон ворид мекунад. Вале болоравии нархи газ дар ҳамин шабу рӯз ронандагонро нигарон аз он кардааст, ки боз ҳам аз будаш боло наравад. Зеро дар Тоҷикистон анъанае шудааст, ки агар талабот зиёд шуд, ҳатман нарх боло меравад. Қариб як ҳафта дар нуқтаҳои фурӯш газ набуд ва мошинҳо дар навбат меистоданд. Миёни ронандагон ҳам овоза буд, ки шояд гуруҳе ба ин манфиатдор буданд.

Ширкатҳои воридоту ниҳодҳои танзими бозор дар ин бора чӣ назар дошта бошанд?

Усмон РАҲИМЗОДА 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.