Кампири ришдор: Аз хонаи муш ва  саргини гов гандум мекофтем…(АКС, ВИДЕО) 

Ҳусноро Тоирова, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қарахон Сардорови ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Номбурда соли 1923 ба дунё омадааст ва агар умр ба ӯ вафо кунад, шаш сол пас ҷашни мубораки 100- солагиашро ҷашн хоҳад гирифт. Ин зани хушбахт модари  чор фарзанд ва бибии меҳрубони 200 набераю абераю чабера аст. Имрӯзҳо ба аёдати ин пиразани нуронию меҳрубон пайвандонаш аз шаҳру деҳот ва ноҳияҳои Ҳисор, Гараутӣ, Қурғонтеппа, Фахробод, Гулисой, Қарасой ва Галлахона омада, дуои сафедашро мегиранд.  Мо тасодуфан дар бораи ин кампираки дарозумр маълумот пайдо карда, ба ҷустуҷӯяш рафтем, то асрори умри дароз ва пурсаодати ӯро пурсон шавем.

  Дар пушти теппаҳо

Аз шаҳри Душанбе, то ҷамоати деҳоти Қарахон Сардоров- Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ 50 км  роҳ аст. Роҳи пур аз шебу фароз, вале чангу хоки ин роҳи пурпечутоб низ натавонист шавқи дидори ин кампири табаррукро аз дили ман зудояд. Бисёр мехостам бо момаи Ҳусноро аз наздик суҳбат карда, сирри умри бобаракаташро пурсон шавем, зеро на ба ҳар кас муяссар мегардад, ки сарҳади 90-солагиро убур намуда, аз домони 100 маҳкам бидорад. Раҳораҳ андеша мекардам, ки бо кампир чӣ хел суҳбат мекарда бошам, зеро дар тасаввури ман ӯ як пиразани фартуту афтодаву муҳтоҷе буд, аммо…

Кампираки зиндадил

Аз маркази ноҳия, то манзили қаҳрамони мо боз 20 км роҳ будааст. Талу теппаҳои бисёреро пушти сар карда, ниҳоят ба хонаи момаи Ҳусноро расидем, ғайричашмдошти банда кампир дар пешайвон нишаста, бо шавқ суруд мехонд:

Дасттозӣ бра, тавоқи ҷав дар пешум

Мекашӣ бкаш, намекашӣ, хез ай пешум…

Аз рӯи одоб салом дода, вориди манзили пиразан гаштем. Момаи Ҳусноро аз замзамаи худ шарм дошта, ба таври худ узр пеш овард: “Солҳои гушнагӣ гандуму орд камчин буд. Сарак чинда  мекӯфтем, дастор мекашидем, дар сари дастор ана ҳамин сурудҳоя мехондем. Равғана дар ҷувоз мекашидем. Ҳамин шеъра сад бор такрор ба такрор мехондем, то вақте ки равған тайёр мешуд. Пир шудем, дигар қуввату мадори ҷавонӣ нест. Сари дилум маҳкам шудай, дуру дароз шеъру суруд хонда наметонум…”

Аз хонаи муш гандум медуздидем

Кампир, ки суханро аз солҳои гуруснагӣ оғоз намуд, кунҷковона пурсидам:

-Бибиҷон, шудааст, ки ба саракчинӣ рафта, аз он ҷо дасти холӣ баргашта бошед?

-Чандин бор ҳамин хел шуд. Мирҳо намемонданд, ки сарак чинем. Вақте моро дастгир мекарданд, турбаҳоямонро ( халта) дар хирман холӣ карда, худамонро пеш – пеши асп мекарданд. Ҷонҳавл медавидему медавидем, он қадар медавидем, ким дилу ҷигармон аз ташнагӣ месӯхт. Баъзан илоҷи дигар наёфта наҷосати чорворо мекофтем ва гандумҳои аз дарунаш баромадаро шуста, гандумбирён карда мехӯрдем. Бисёр вақт аз гуруснагӣ беҳолат шуда, ҳатто аз хонаи калламушҳо гандумҳои дору кардаро гирифта, шуста мехӯрдем…

Баъд аз истеъмоли чунин гандумҳои заҳролуд бемор намешудед?

-Эҳ касалия напурс бачам. Ҳамон солҳо домана ва гул хеле бисёр буд. Ҳоло ҳеҷ кас гул намебарорад. Боз як дарди дигар буд, ки мардум ҷинҷак мегуфтанд. Ҳамин ки ин касал қапид, то намурӣ сар намедод. Бисёриҳо аз дарди ҷинҷак мурданд.

-Ҷинҷак худаш чӣ хел касалӣ буд?

Аз шикам гирифта, одама ҷинҷ мекард ва сари бечораро аз байни поҳош гузаронда, оқибат мекушт. Бисёр вақт соҳибони мурда ҳатто кафанворӣ намеёфтанд, ки маитро шуста, печонда гӯр кунанд. Барои он ки мурда вайрон шуда, бӯй нагирад, ҷасадро дар даруни бӯрё печонда ба хок месупориданд. Духтарҷон, мо ана ҳамин хел ҳаёти вазнин доштем, лекин худо одама накушад, на аз ҷинҷак мемурдаасту на аз гуруснагию хорию зорӣ. Шукри худо, ҳама рӯзҳои сангинро пушти сар карда, то имрӯз расидем.

Аз Янгиюл то Ҳоҷибоӣ пойлуч омадам

Тӯйи хонадоршавиатонро дар ёд доред? Домод ба шумо чиҳо ҳадя карду чӣ гуфта, дилатонро ёфт?

Мактаб мехондам, агар хато накунам, синфи 5 будам. Маро аз мактаб гирифта ба бачаи амакам доданд. Арӯсиро надидам, на тӯй шуд, на базму бозӣ, маро ба хонаи амакам бурданду як муллоро аз куҷое оварда, моро никоҳ карданд. Ҳамааш ҳамин. Шавҳарам аз рӯзи аввал маро дӯст намедошт. Ягон зарра писандам намекард, ба сӯям ҳатто нимнигоҳе ҳам кардан намехост. Бисёр ганда буд писари амакам, маро азоби бисёр дод, мезад, мекӯфт, вале ҷойи рафтан, ки надоштам, сари кафида таги тоқӣ гуфта, ба ҳамааш тоқат мекардам. Вақте ки ҷанг сар шуду шавҳарам ба ҷанг рафт, худоро шукр гуфтам, ки ҷонам аз задану кӯфтан халос шуд. Баъди ҷанг кӯдакдор шудем. Гумон мекардам, ки баъди бачадор шудан дили шавҳарам ба зиндагӣ гарм мешавад, лекин девори зиндагӣ аз аввал каҷ бошад, хоҳ-нохоҳ чаппагардон мешудааст. Як бегоҳ намози шом шавҳарам кӯдакамро лучи модарзод карда, ба дастам доду маро пойлуч аз дар берун кард. Беинсоф ақаллан намонд, ки як куртаю як рӯймоламро гирифта дар поям ягон кафш пӯшам. Ҳамин хел пойлуч гириста-гириста, мани сарсахт аз Янгулӣ ба Ҳоҷибоӣ омадам. Аз ҳама аламовараш он буд, ки вақте писараш маро аз дар берун кард, амакам дар хона буду ҳатто нагуфт, ки мон ақаллан рӯз шавад, дар ин торикӣ ин бечораю кӯдаки бегуноҳаш туъмаи гургу шағолҳо гашта метавонанд. Ҳамон вақт фаҳмидам, ки ҳеҷ гоҳ амак падару хола модар намешудааст….

-Баъди аз шавҳар ҷудо шудан зиндагиатонро чӣ хел пеш мебурдед?

-Дар колхоз ба кор даромадам. Музди корам як коса кунҷора буд. Ҳамон кунҷораро кӯфта чанд бор аз элак мегузарондаму баъд ба дег андохта бирён мекардам. Кунҷорабирёнро намак пошида мехӯрдем. Эҳ, умрам дароз, ки будааст, кунҷора ҳам маро накушт духтарҷон. Акнун дар бораи шавҳари дуюмам нақл кунам?

-Марҳамат нақл кунед! Бобом шуморо ёфт ё шумо ӯро ёфтед?

 -Вақте ки аз шавҳари якум ҷудо шудам, 24-сола будам. Бо духтарони ҳамсолам барои овардани об мерафтем. Дар  қади роҳ як боғи калони ангур буд. Соҳиби боғ, як мӯйсафеди калонсол буд, ки дар деҳаи Навобод зиндагӣ мекард. Ҳар вақте мерафтем, хоҳиш мекардем, ки бобоҷон, ба мо камтар ангур диҳед. Он вақт ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки мӯйсафед маро таги чашм кардааст, вале тақдиру насиб рафта будаасту оқибат набера зани бобо шуд. Мӯйсафед маро талабгор шуда ба хонаамон хостгор фиристод. Мани бачадор дар хонаамон дарди сари зиёдатӣ будам, барои ҳамин ҳатто розигиамро напурсида, мани 24-соларо ба ҳамон пири занмурда ба занӣ доданд. Вақте ки маро арӯс карда ба хонаи шавҳарам бурданд, пойлуч будам. Дидам,  ки мӯйсафедони бисёре нишастаанд, фикр кардам, ки акнун чӣ хел пойлуч аз пеши онҳо мегузарам, охир дар поям калуч нест-ку?! Мӯйсафед ҳиҷ чиз наоварда буд. Ман бо куртаи мардуму рӯймоли мардум ба шавҳар баромада будам. Эҳ, рӯзи инсон ба ҳар навъ мегузаштааст духтарҷон…

Шавҳари дуюматон ҳам золим буд ё зани ҷавон гирифтам гуфта, шуморо тоҷи сар карда мегашт?

-Шавҳари дуюмам мӯйсафед бошад ҳам, чандон одами ганда набуд. Иззату ҳурматашро ба ҷо оварда, оби таҳорат медодам, хӯрокашро дар вақташ мепухтам, сару либосашро мешустам, мӯйсафед ҳам маро ҳурмату иззат мекард.

-Шумо 24- сола ва дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ будед. Ҳамзистӣ бо як марди солхӯрда бароятон душвор набуд? Бо ҳамдигар забон ёфта метавонистед? 

-Шавҳарам пир бошад ҳам, маро намезад, озор намедод, барои ҳамин кӯшиш мекардам, ки ҳурматашро ба ҷо биёрам. Аз саҳро ҳезум ҷамъ карда, об ҷӯш мекардам ва чуноне, ки кӯдакро оббозӣ медароранд, сару танашро собун зада мешустам. Намемондам, ки ба тани мӯйсафед чангу гарде бишинад. Барои ҳамин маро дӯст медошт ва ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷанҷол намекард. Аз зани раҳматиаш ду писар монда буд. Онҳо ҳам маро ҳурмат карда, оча мегуфтанд. Ҳамин писари хурдиам дар даруни чила буд, ки падараш аз дунё гузашту мани наосуда боз ба дарду ғам печида, сағерабон шуда мондам. Бисёр сахту душвор буд хӯрондану пӯшондани се кӯдаки хурдсоли бе падар, лекин ба ҳамааш тоқат карда, аввал ба худо ва баъд ба худам умед мебастам. Баъди сари шавҳари дуюмам мани дасттанҳо худам мардак шуда мондам. Мардҳо барин ҷувоз мекашидам, гандум дарав мекардам. Ба деҳаи  Шурманқа ба дарав рафта, гаҳвораи духтарамро мебурдам. Кӯдакро бо гаҳвора дар бехи дарзаи гандум мегузоштаму дарав мекардам. Ду дарза гандум даравида, як бор аз ҳоли духтарам хабар мегирифтам, ки мабодо ягон калтакалос ё ғунда кӯдакамро дар даруни гаҳвора нагазад. Медидам, ки нафас кашида истодааст, боз корамро давом медодам. Худоҷон дигар ҳаргиз он рӯзҳои сахтро ба сари мардум набиёрад…

-Шумо зотан умри дароз мебинед ё ин саодатро худованд танҳо ба шумо насиб дидааст?

Мо дар оила ҳамагӣ ду нафар будем. Се сол пеш додарам вафот карду як сол пас аз ӯ бачаам аз олам гузашт.

-Гуфтагӣ барин, келинҳоятонро худатон интихоб кардед ё писарҳо дӯст дошта хонадор шуданд?

Худам интихоб кардам. Келинам аз писарам пештар вафот кард. Зани писари дуюмам дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард. Духтари чаққону порсо, буд, писандам омад, келинаш кардам.

-Бибиҷон, риши шумо бисёр аҷиб ва ба риши мардон монанд аст. Ягон бор ришатонро қайчӣ накардаед? Шавҳаратон ба риши шумо эрод намегирифт?

-Ман аввалҳо риш надоштам, баъди аз олам гузаштани шавҳарам ногаҳон пайдо шуда монд. Умри ришам баробари умри набераи калониам аст. Аввал дар зери манаҳам фақат ду-се дона буд, баъд оҳиста- оҳиста зиёд шудан гирифт. Ба хонаи писари калонӣ меҳмонӣ рафтам. Гуфт, ки оча, ман ҳам мард, ту ҳам мисли мардак шудаӣ, биё, ришатро метарошем. Розӣ шудам. Набераҳо зуд обу собун оварда ришамро тарошиданд. Вақте ки ба хона баргаштам, ҳама гуфтанд, ки беҳуда тарошидӣ, ришат зебо буд. Додари раҳматиам маслиҳат дод, ки аз чизи Худо додагӣ ношукрӣ накун. Бо ҳамин дигар ягон бор ришамро натарошидам. Ҳоло хело кам шудааст, аввалҳо хеле бисёр буд. Вақти хӯрокхӯрӣ дар даҳонам медаромад, барои ҳамин нӯгашро қайчӣ мекардам, ҳангоми нонпазӣ бошад, ришамро бо ягон рӯймол мепечондам, ки мабодо ягон шуълаи оташ расида, дарнагирад. Акнун, ки пир шудаам, дигар қуввату мадори нонпазӣ надорам. Чашмонам парда кашидааст.  Берун баромаданам мушкил, баъзан набераҳоро фарёд мекунам, то ягонтоашон ҳу гуфта меоянд, ки кор аз кор мегузарад. Бисёр мехостам, ки то рӯзи буданам ақаллан ягон аробача дошта бошам, ки худам озод ба ҳавлӣ бароям. Худо туро ҳам ба умри ман расонад,-сарамро силакунон дуо дод пиразани нуронӣ.

Як каф дуои модар

Ҳангоми хайрухуш аз момаи Ҳусноро хоҳиш намудам, ки як каф дуо диҳад. Пиразан дастони ларзонашро мисли ду боли парасту ба сӯйи само бардошта, чунин дуо кард:

-Ҷаноби Олӣ мардумро сер кард, кишварро тинҷ кард, ҳамаро сарҷамъ кард, гурезаҳоро ба Ватан овард, осоиштагиро  ҷорӣ кард, Худо гарде дар либосаш, ғаме дар дилаш, хоре дар пояш ва хастагие дар ҷисму ҷонаш роҳ наёбад. Ҳамеша дуогӯяш ҳастам, чунки бо шарофати ӯ нони сериро дидем, либоси тозаю озода пӯшидем. Ҳазорон раҳмат ба Эмомалӣ Раҳмон!

Маҳинаи Давлат,

Душанбе-Лоҳур- Душанбе     

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

14 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *