Канзи шифо: Диабети қанд. 3 усули халқии табобат

Бемории диабети қанд яке аз бемориҳоест, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо теъдоди гирифторони он зиёд мешавад. Вале диабети қанд шудан охири кор нест. Инсон метавонад бо ин беморӣ ба осонӣ мубориза барад.

Барои он ки қанди хунатон аз ҳад зиёд боло рафта, ҳоли шуморо табоҳ насозад, бояд се шартро ҳатман риоя намоед. Қабл аз ҳама, кӯшиш кунед, ки ғамро аз дил берун намуда, ҳамеша асабҳоятонро ором нигоҳ доред. Шарти дувум — ин риоя намудани парҳез мебошад. Шумо бояд аз хӯрдани шириниҳо, нони сафед ва ғизоҳои равғанӣ худдорӣ намоед. Шарти савум табобати пайваста аст.

Табиби мардумӣ Садриддиншоҳи Насриддиншоҳ се давои содаро ба шумо тавсия медиҳад:

1. 100 гр тухми ҷавро дар зарфе андозед ва аз болояш як литр оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро маҳкам кунед ва бигзоред ду шабонарӯз истад. Рӯзи сеюм дору тайёр мешавад. Рӯзе 3-4 бор аз ин даво якистаконӣ бинӯшед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

2. Барги тути сиёҳ барои гирифторони диабети қанд ва касоне, ки гурдаашон иллат дорад, давои хубест. 40 гр барги тут, 20 гр барги газна ва 40 гр пӯсти лӯбиёро дар зарфе андозед ва аз болояш ним литр об рехта, муддати 10 дақиқа биҷӯшонед. Пас аз ин оташро хомӯш кунед ва монед ним соат ё як соат истад, баъдан даворо полонда, рӯзе 2 маротиба 50-100-граммӣ нӯши ҷон созед.

3. Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта, хушк кунед ва кафмол намуда, омехта созед. Ду қошуқашро дар ним литр об ҳамагӣ ду се-дақиқа ҷӯшонида, оташро хомӯш намоед. Тахминан ним соат пас даворо аз дока полонед ва рӯзе 3 маротиба 50-граммӣ бинӯшед. Саломат бошед!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.