Канзи шифо: Нони ҷав — давои бемории дил

Бештари одамон бар он назаранд, ки орди љав ба организм фоидаи зиёд дорад. Дар мағозаҳо низ нархи нони аз орди ҷав тайёршуда назар ба нони гандумӣ қимматтар аст. Тафовути орди гандум аз орди љав дар чист? Оё илми тиб дар ин бора дастуре дорад?

ФИРДАВС, шаҳри Хуҷанд

Посух:

— Аслан чор намуди орд мавҷуд аст: гандумӣ, ҷуворимакка, арзан ва ҷав. Ин ордҳо вобаста ба таркибашон аз ҳамдигар тафовут доранд. Нони ҷавдор ва гандумӣ фарқи калон доранд. Дар таркиби нони ҷав кислотаи лизин бештар аст, шояд аз ҳамин сабаб нархи ин нон нисбат ба нони гандумӣ қимматтар бошад. Лизин барои организми инсон бисёр манфиатбахш аст. Дар таркиби нони ҷав дигар моддаҳои фоидабахш, аз қабили марганес, руҳ ва мис фаровонанд.

Нони аз орди дурушти ҷавдор пухташуда барои гирифторони бемориҳои рўдаи ғафс, қабзият, касалии қанд ғизои парҳезӣ ҳисоб меёбад. Ба шахсоне, ки ба бемории дил мубтало гаштаанд, хӯрдани нони ҷавӣ ё аз орди гандуми навъи 2-юм пухташударо тавсия медиҳем.

Хурдтаракон ва касоне, ки меъдаашон бемор аст, бояд нони ҷавдорро камтар истеъмол намоянд.

Аз фарбеҳ шудан ҳарос дошта бошед, танҳо нони аз орди осиёбӣ пухташударо хӯред, он ҳам набояд аз 100-300 грамм зиёд бошад. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.